Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Москва 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Дар Москва 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

23-02-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Дар Москва 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Дар ҷамъомад вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин ВАО-и Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зикр намуд, ки ҳар сол 23 феврал- санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад.

Зимни суханронӣ Сафир нақши тақдирсоз ва таърихан муҳими Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсис ва таҳкими минбаъдаи Артиши миллӣ махсусан таъкид намуд. Ҳамзамон ишора шуд, ки «бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат, имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.

Зимни ҷамъомад дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури меҳмонон гардонида шуд, ки он ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шинос намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: