Ҳаёти ҳизб
Душанбе
Корҳо идома доранд
Ҷиҳати тавсиаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди чор ноҳияи пойтахт машварати сайёри роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир гардид, ки дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Дар вақти вохӯриҳо аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қайд гардид, ки тибқи муқаррароти мавҷуда корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияҳои пойтахт оид ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, бе зарурат гашту гузор накардани сокинон дар кӯчаву хиёбонҳо, риояи меъёри фосилаи муайян ҳангоми суҳбату истироҳат, истифодаи даҳонбандҳои муҳофизатии тиббӣ идома дода шавад.
Шоҳмансур
РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ
Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳр, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар назди маркази савдои “Садбарг” ва хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансурбо мақсади беҳбуди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 вохӯриҳо доир кард.
Дар он ба сокиноне, ки бе воситаҳои муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, даҳонбанди докагӣ, маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи Covid-19 ройгон тақсим гардида, масъулон ба таври оммафаҳм дар мавриди нишонаҳо, пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ азин беморӣ ва оид ба риояи гигиенаи ҳаррӯза суҳбатҳо намуданд.
Тадбирҳо тақвият меёбанд
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳркорҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии шаҳрвандон, ҳамчунин, баҳри беҳтар намудани чораҳои пешгирии паҳншавии сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт тадбирҳои иловагӣ вусъат ёфтааст. Мутасаддиён ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, дар ин замина, бо онҳо дидору суҳбатҳо доир мекунанд. Аз ҷумла, чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Бустон-2 - и ноҳияи Шоҳмансур доир шуд.
Гурӯҳи корӣба иштирокчиён ҷиҳати фаҳмонидани шаҳрвандон оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдошт, бахусус, риояифосилаи байниҳамдигарӣ, гигиенаи шахсӣ ва инчунин тез-тез шустани дастон, пӯшидани даҳонбанди тиббӣ, худдорӣ аз нӯшидани нӯшобаҳои хунук, бе зарурат ба кӯча набаромадани ашхоси синну солашон аз 65-сола боло суҳбат карданд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин беморӣдар кишвар агарчӣ рӯй ба коҳиш оварда аст, аммо ин ба маъное нест, ки шаҳрвандон ба мавҷудияти хатарҳои беморӣбепарво бошанд. Боз ҳам ҳар яки моро лозим аст, ки ба таври ҷиддӣ дастурҳои табибонро риоя намоем.
Хуҷанд
СОЛИМИИ ҶОМЕА ба мо ВОБАСТА АСТ
Бо кам шудани шумораи сироятёфтагон аз бемории коронавирус имрӯзҳо теъдоди зиёди одамон ба кӯча баромада, бо ин амалашон хатар ба ҷомеа меоранд. Зеро яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ дар хона будан ва риояи талаботи гигиенаи шахсӣ мебошад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣҳанӯз ин беморӣ пурра аз байн нарафта, ҳамарӯза то 80 нафар гирифтори ин беморӣмешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинон ҳамчун бе даҳонбанд ва бе риояи фосилаи таъйиншуда бо ҳам муошират мекунанд, ки ин хатари бештар дорад. Дар сурати наандешидани чораҳоииҷрояшон таъхирнопазир, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣдубора авҷ гирифтани ин беморӣ аз эҳтимол дур нест.
Баҳри ислоҳи ин вазъият ва ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои бе зарурат гаштугузор намудан дар ҷойҳои серодам Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ субҳи 5 июн дар бозори марказии “Панҷшанбе” аксияи “Худ ва дигаронро аз бемории сироятии COVID-19 муҳофизат менамоем” доир намуданд.
Дар аксия масъулони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан”-и вилоят ва шаҳр, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳр, Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пешаз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, ҷавонони фаъоли кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Сомон ва “Инқилоб” фаъолона ширкат варзида, дар баробари таблиғи тарзи ҳаёти солим ба харидорону фурӯшандагони бозори “Панҷшанбе” ниқобҳои муҳофизатӣ, инчунин, варақаҳои таблиғотиро доданд.
Дар мулоқот бо сокинон таъкид шуд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ риоияи гигиенаи шахсӣ, аз издиҳом дур будан ва бе зарурат ба кӯча набаромадан аст. Таъкид гардид, ки коҳишёбии беморӣ маънии пурра аз байн рафтани онро надорад. Бепарвоӣ метавонад теъдоди сироятёфтагонро зиёд намояд. Бояд ҳар як шахси масъулиятшинос барои худ ва дигаронро аз ин беморӣ эмин мондан кӯшиш ва тавсияҳои коршиносонро риоя намояд.
Дар доираи ин аксия тавассути радиоузел ва баландгӯяк пайиҳам тавсияҳои мутахассисонро хонда, аз сокинон даъват шуд, ки ба қоидаҳои санитарию гигиенӣқатъиян риоя намуда, беҳуда ба кӯча набароянд ва ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
КОНИБОДОМ
Саломатӣ сарвати бебаҳост
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва беэътиборӣ накардани мардум, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба чанде аз ташкилоту муассисаҳо рафта, суҳбатҳо доир карданд. Вақти вохӯрӣ бо мардум гуфта шуд, ки сатҳи беморӣ кам шуда бошад ҳам, ба маъное нест, ки бепарвоӣ кунанд. Ҳар як узви ҷомеа боз ҳам гигиенаи шахсиро риоя ва саломатии фарзандону пайвандонашонро эҳтиёт намоянд. Чунин мулоқотҳо, аз ҷумла дарҶДММ «Созмон» ва ҶДММ «Гулдаст» баргузор бояд қайд кард, ки ҶДММ «Гулдаст» тӯли чор моҳи паҳншавии бемории короновирус дар кишвар 15000 даҳонбанди докагӣ истеҳсол ва аз ин миқдор ба беморхонаи марказии шаҳр беш аз 300 ниқоб тақдим намудааст.
Исфара
СИПАРИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ
Дар шароите, ки вабои аср яъне пандемияи COVID-19 ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, душманони миллати тоҷик, аз ҷумла мухолифони наҳзатӣ аз хориҷи кишвар истода, бо далелҳои беасос ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши тандурустӣ туҳмату буҳтонҳо зада истодаанд.
Суоле ба миён меояд, ки оё онҳо аз ҳолати воқеии соҳаи тандурустии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ огоҳҳастанд ё не? Ба ин саволи худ мо ба онҳо бо далелҳои раднашаванда оиди ҳифзи солимии миллат аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 27 декабри соли 2019 ироа гардида буд, ҷавоб медиҳем: “Мо ба соҳаи тандустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.
Танҳо дар соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Бо ин роҳ, инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст.
Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонида харидорӣ шудааст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад».
Бо ин суханон мехоҳем таъкид намоем, ки вазифаи аслии мо дар шароити таҳдидомези паҳншавии пандемияи коронавирус бовар накардан ба ҳангомаву буҳтонҳои душманони миллат мебошад. Ҳар фарди дорои ақли солим бояд дар фикри беҳбуди кор ва ислоҳи вазъияти беҳдоштӣ бошад, на машғули бадгӯиву эҷоди нороҳатиҳо дар ҷомеа.
Хуросон
Ёрӣ ба мардум кори хайр аст
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон,ТҶҶ "Созандагони Ватан"-бахши ҷавонон ва варзиши ҳокимияти иҷроияи ноҳиява бо дастуру супоришҳои мақомоти роҳбарии ҳизб на кам аз 50корманди ҳизбӣ,волонтёрони КИ ҲХДТ барои кумак ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ,ки ба маҳали нав-деҳаи Навбунёд ин ҷамоат кӯчонида шудаанд, дасти ёрӣ дароз намуданд.
Ба оилаҳои зарардида аз тарафи ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Хуросон барои сохтмони манзили нав замин ҷудо шудааст. Аз ҷумла, дар қитъаи рақами15-и ин деҳаба сохтмони пойдевори хона оғоз кардаанд ва ин гурӯҳи ёрирасон ҳамарӯза дар бунёди хона ба соҳибони манзили рақами 15 кумаки худро дареғ намедорад.
Инчунин, ба нишони ҳамраъйӣ бо ин гурӯҳи ташаббускор рӯзе пеш
як гурӯҳ ҷавонони хайрхоҳ ва гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои кумаки ҳамватанони хеш, ки аз офати таббӣ зарар дидаанд ба ноҳияи Хуросон рафта, ба корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии ҳамватанон ёрӣ доданд.
Хуросон
Дар доираи Соли шинохти манфиатҳои миллӣ
Замин асоси таъмин намудани халқ бо маводи хӯрданист ва мо бояд инро дарк намоем ва шахсоне, ки бекор ҳастанд ва беҳудагардӣ мекунанд, бояд дар замин кор карда, ба оилаҳои худ даромади моддӣ оваранд, вагарна мо наметавонем ба таъминоти пурраи озуқаворӣ ноил гардем.
Бо ин мақсад, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон С. Ғуломов бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаи А.Ҷомии ноҳия ба роҳ монда, ба аҳолӣ пешниҳодҳо барои истифодаи оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат кард. Дар вохӯриҳо номбурда, инчунин,тавсияҳо барои пешгирӣ аз бемории коронавирус шарҳдода, ба ниёзмандон даҳонбанду бастаи маҳлулҳои тиббӣҳадя кард.
Кӯлоб
ЗАМИН моро мехӯронад
Дар пайравӣба сиёсати инсондӯстонаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти самарнок истифода бурдани замин, истеҳсоли маводи ғизоии кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, инчунин амали гардидани тадбирҳо ҷиҳати пешгириӣ аз бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳр суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд. Чунин як вохӯрӣ ин навбат аз тарфаи мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи С.Сангов-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Инчунин, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Корези болои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба сокинон фаҳмонида шуд, ки аз ҳар як ваҷаби истифодаи самаранокии қитъаи замин, аз имконоти мавҷуда истифода намоянд. Зеро истифодаи дурусту оқилонаи замин сатҳи зиндагии мардумро ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Шамсиддин Шоҳин
Гул бишинону ҳаворо тароват деҳ
Бо мақсади мусоидат намудан ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар атрофи биноҳои маъмурӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат дода шуда, атрофи гулу гулбуттаҳо аз алафхои бегона тоза карда шуданд.
Табиати нотакрор ва ҳавои тозаи кӯҳистони Шамсиддин Шоҳин дар фасли гармо беҳтарин мавзеъ барои истироҳати тобистонаи сокинон буда, рӯҳу илҳоми инсонро садои шаршараҳотабиӣ, кӯҳу камар ва нағмасароиии парандаҳои нодиру ҷонварон хеле болида месозад.
Дар доираи барномаи Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми сокинони ин гӯшаи Ватан ба корҳои ободонию созандагӣ машғул шуда, барои боз ҳам зеботар кардани гӯшаю маҳаллаҳои дурдаст пайваста кӯшиш менамоянд.
Иқдомҳои созандаи ҳизбиён ва фаъолони КИ ҲХДТ имрӯзҳо дар ин замина, дар тамоми ҳудуди ноҳия вусъати тоза гирифтааст. Фаъолони ҳизб, инчунин, дар вохӯриву суҳбатҳо ба мардум дар мавриди эҳтиёткорӣ азпаҳншавии бемории ҳамагири коронавирус, корҳои созандагию ободкорӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣгап мезананд.
Таҳияи С. Юсуф