Таъсиси ситод оид ба пешгирии бемори covid-194-05-2020, 12:29
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Баҳри ҳифзи солимии ҷомеа ва пешгирии бемории хатарноки короновирус дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ситоди доимоамалкунанда фаъол гардид.
Ба ҳайати ситод кормандони дастгоҳи кумиҷроия, аъзоёни Раёсат ва аъзоёни кумиҷроия шомил буда, вазифаҳои онҳо дар ҳамкорӣ бо Ситоди доимоамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мавриди назорат қарор гирифтани фаъолияти 59 участкаҳои таъсиснамуда дар ҳудуди шаҳр мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар ситоди вилоятии оид ба пешгирии бемории короновирус тасмим шуд, ки бевоситаи дар маҳаллаҳо бо ташкили участкаҳо аз вазъи саломатӣ, ҳуқуқиву буду боши сокинон раёсати тандурустӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти қудратӣ ва кумиҷроияҳои ҳизбӣ дар ҳамоягӣ назорат баранд. Ташвиқоту тарғибот бо усули “кӯча ба кӯча” тавассути тақсимоти брошура, наворҳои видеоӣ оид ба истифодаи ниқоби ҳимоятӣ, риояи гигиеани шахсӣ, аз мазҳари ом дур будан ва ҳамарӯза ҳисоботи оморӣ додан ситоди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб вазифаи роҳбарони участкаҳо қарор карда шуд. Ба роҳбарии участкаҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID -19 аъзоёни фаъоли ҲХДТ, шахсиятҳои дар ҷомеа мақом дошта роҳбар таъин гардиданд. Ёдрас мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 15 нафар гирифторони бемории короновирус ба қайд гирифта шудааст. Мутахассисони соҳа бар онанд, ки рафъи ин беморӣ фурсати зиёд талаб намекунад, агар шаҳрвандон худ ба ин беморӣ муброиза баранд. Ва ба овозаҳо бовар накарда, тарсу ваҳм, таҳлукаро аз дил берун созанд. Зеро ин беморӣ ба мисли зуком табобатшаванда аст. Танҳо моро мебояд, ки аз рӯи шиорӣ “Пешгирӣ аз беморӣ афзалтар аст” бояд кор намоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.