Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВБУНЁДИ ХУРОСОН

ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВБУНЁДИ ХУРОСОН

5-06-2020, 13:38
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВБУНЁДИ ХУРОСОНИмрӯз корҳои сохтмонӣ дар маҳалли навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон вусъати тоза пайдо карданд. Дар ин маҳали бехавф ба 67 оилае, ки манзили зисташон дар пайи офати табиии моҳи май қисман ва пурра зарар дидаанд, 8-сотихӣ замин додаанд. Имрӯз наздик ба 500 нафар ихтиёриён, ҷавонон, ҳизбиён, сокинони деҳоти атроф, сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ёрӣ ба корҳои сохтмонӣ ба сокинони маҳаллӣ омаданд.
ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВБУНЁДИ ХУРОСОН
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ёварон ва сокинони маҳал нисфирӯзӣ ва шомгоҳ бо таоми гарм таъмин карда мешаванд. Сохтусози бунгоҳи тиббӣ, роҳҳои деҳаи навбунёд низ шурӯъ шудааст. Алҳол қубури оби нӯшокиро васл карда истодаанд. Бахши кор бо занони ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш барои ҳашарчиён нонҳои дастипази тоҷикӣ оварданд. Инчунин барои аҳли заҳмат ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ тақсим карда шуд.
Муовинони раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода ва Фирӯза Шарифӣ низ ҳашарчиёну сокинони маҳаллаи навбунёдро ҳамроҳӣ мекунанд. Кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: