Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЁДҲОИ САБЗ

27-05-2020, 15:29
Хабарро хонданд: 602 нафар
Назарҳо: 0
ЁДҲОИ САБЗ

(Як сабад ёдҳои сабз аз фаъолияти эҷодии Артисти халқии РСС Тоҷикистон,Барандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ, ҳунарманди зиндаёд Б.Кимёгаров)
Гумкардаҳо ба хотираҳо сабз мешаванд,
Аммо чӣ қадр зард,
Аммо чӣ дарднок…


Дар кулвори ёдҳои сабзи хотироти бачагии хеш, зери шуои дурахшони хуршеди хирмансӯзи киштзори қисмат, замони пурфасонаи наврасиаш чун наворҳои синамо аз пеши чашмонаш мегузашт. Аз миёни ин наворҳо лаҳзаи хотирмонтарини он рӯзгорро ба хотири панди рӯзгор, барои фардо дар буғчаи ормонҳояш мегузошт. Ин хобу хаёлҳои бачагӣ ва қисмату сарнавишт ӯро ба даргоҳи маърифат ва саодату рушаноӣ ба шаҳри азизи Сталинобод овард. Оре, Душанбеи азизу сарсабзу биҳиштмаъвои имрузӣ замоне бо номи Сталинобод машҳури ҷаҳон буд. ӯ дар ин шаҳри пурфасонаи орзупарвар чашмонашро боз намуда, қалби ҷавони поку беолоишашро аз меҳру муҳаббат ва самимияти ватан саршор намуд. Бо ҳамон муҳаббат ва садоқати бепоён нахустгомҳои хешро вориди дунёи адабиёт ва фарҳанги оламшумули тоҷик намуда бо савганд ва садоқат бо халқу Ватани азизаш камари ҳиммат баста озими роҳи сарнавишти хеш гашт. Ин хирадманди давру замонҳо бодили саршори орзуҳои ҷавонӣ соли 1937 баъди хатми Техникуми педагогии шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик чанд муддат ба шогирдон аз забон ва адабиёти шуҳратёри беш аз ҳазорсолаи тоҷик дарс гуфта, худ дар баҳри пуртуғёни ҳамосаҳои ҷовидонии «Шоҳнома»-и абадзиндаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ғарқ гардид. Соҳили мурод барои ӯ дар ин баҳри нопайдокаронаи илму маъонӣ ва маърифати ватандорӣ номи поки устод Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ будааст. Тавассути устод Айнӣ ӯ бо устод Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва даҳҳо мардони ҳунар ошно гардида мафтуни рӯзгори ин шоҳсутунҳои давлат ва миллати қаҳрамони тоҷик гардид. Дар дилаш шавқу шури синамо, тасвири образҳои қаҳрамонони арсаи кору пайкори ватансозӣ туғён намуда, ӯро вориди ин олами афсонавӣ намуд. Ҳамин тавр, Б. Кимёгаров ҷавони ҳаждаҳ-бистсола шомили Институти давлатии Умумииттифоқии киноматографии шаҳри Москав гардида, баъди хатми он ба шаҳри (Сталинобод) Душанбеи имрӯза омада, дар студияи кинои тоҷик ба фаъолияти хеш оғоз мебахшад. Сиришт ва сарнавишти ӯ бо кинои тоҷик пайваст гардида, замони сӯхтану сохтанҳо оғоз меёбад. Ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳо дар роҳи эҷоди филм ва чеҳраҳои миллӣ дар синамо ва офаридани нақшҳои зоҳирану ботинан миллӣ ва донишвару ватанхоҳ ӯро водор месохт, ки ба театрҳои касбии кишвар рӯ биёрад. Ягона театри касбӣ дар он замон Театри давлатии Академи ба номи устод Лоҳутӣ буд, ки ҳунармандонро аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҷамъ оварда буданд. Хушбахтии дигари мардуми тоҷик он буд, ки дар он шабу рӯз шинохтатарин арбоби санъат донишмандтарин ҳунаршинос ягона дастпарвари Институти давлатии санъати театрии Луначарскии шаҳри Маскав Ефим Исаевич Мительман саррежисёрии театрро бар дӯш дошт. Ин хирадманди дунёи театри касбӣ аз соли 1937 то соли 1961 саррежисёри театр ва устоди ҳунармандони шинохтаи кишвар тавониста, ки даҳо шогирдонро тарбия намояд. Муҳимтар аз ҳама, мактаби бузурги Станиславскийро ба Душанбе овард. Ин мактаби бузурги ҳунар ва маҳорати касбии нақшофарӣ дар тамоми қаламрави иттиҳоди собиқи Шӯравӣ овозадор буда, номи пуршону эътибори ин абармарди дунёи ҳунар пушту паноҳи тамоми ҳунармандони касбии кишвар буд. Ошноӣ ва ҳамкории судманди устод Б. Кимёгаров бо Ефим Исаевич Мительман барои кинои тоҷик нуру сафо бахшида, эътибори кинои тоҷикро дар қаламрави Шӯравӣ пас аз тарк кардани Комил Ёрматов ин боргоҳи муқаддасро ва баста шудани киностудияи «Тоҷикфилм» ин ду абармардидунёи ҳунар онро аз нав эҳё намуда, шуҳрату шонашро шерозаи ифтихори синамои собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ намуданд. Фаъолияти эҷодии устод Кимёгаров аз филмҳои таърихи воқеъияти рӯзгори мардуми Тоҷикистони ҷавони Шӯравӣ оғоз гардида, аз ҳамин пайроҳаи орзуҳо вориди филмҳои бадеии таърихӣ мегардад. Чун давлати абарқудрати Шӯравӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари хирадзо ва сулҳхоҳу раъиятпарвар маълуму машҳур буд, ҳаёти воқеии мардуми он барои ҷаҳони дувумӣ афсона ва хобу хаёле беш набуд. ЁДҲОИ САБЗ
Аз ин лиҳоз, аксари кулли филмҳои он замон таблиғу ташвиқи одами замони нав буда, мақоми шаҳрванди Шӯравӣ он гуна, ки шоири шаҳири инқилобии Рус В.В. Маяковский нигошта буд:образи одами нав дар асарҳои нависандагони Шӯравӣ мебояд таҷассуми садоқат ба халқу Ватан ва сулҳсозиву раъиятпарварии Иттиҳоди Шӯравӣ нақши бориз дошта, дар тамоми асарҳои саҳнавӣ ва филмҳо мавқеъ ва мақоми шаҳрванди Шӯравӣ намунаи ибрати ҷаҳониён бошад. Воқеият ҳам ҳамон буд, шаҳрвандони Шӯравӣ соҳиби дониш ва хиради баланди инсонӣ буда, бо дониш ва хиради баланди инсонӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ҷаҳонро аз вартаи ҳалокат, аз чанголи фашистони оламсӯз наҷот дода буданд. Ин эътибор имрӯз даҳчанду садчанд гардида, ҷаҳони нав дар сурати Давлати абарқудрати Шӯравӣ кишвари созанда ва сулҳофарро мебинанд. Филми нахустини пурраметражи ҳуҷҷатии устод Кимёгаров бо ҳамкории Л. Степанова «Тоҷикистон» соли 1945 ба навор гирифта мешавад. Ин филм бо медали биринҷӣ ва грамотаи фахрии «Кинофестивали байналхалқии Венетсия» соли 1946 сарфароз гардида, баъди хомушии тӯлонӣ кинои тоҷик азэҳёи худ дар таҷдиди нав ба ҳаводорони синамо хабар медиҳад. Устод Б. Кимёгаров баъди ин ҳама миёни ҳама аҳли ҳунари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби иззату икроми баланд мегардад. Дар сурати ин ҷавони серғайрат тамоми ҳунармандони қаламрави собиқ Шӯравӣ тоҷиконро дармеёбанд, ки дар воқеъ миллати тамаддунсоз ва фарҳангпарвар мебошанд. Баъди ин, силсилафилмҳои кутоҳметражи ӯ бо номҳои «Дар кӯҳҳои Помир», – соли 1946, «Қувваи бузург» – соли 1948, «Дар Помир» – соли 1952, «Водии Вахш» – соли 1954 ва «Водии миллионерҳо» – соли 1974 пешкаши тамошобинон сершумор гардида, бинандагони ин силсилафилмҳои ҳуҷҷатӣ-публитсистӣ аз наздик бо ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии аҳли заҳмати Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуда, муҳаббат ва самимияти онҳо бо мардуми тоҷик зиёд гардида, кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ва мардуми меҳнатқаринашромавриди омӯзишу татқиқоти коршиносони худ қарор медиҳанд. Филмҳои калонҳаҷми публитсистии «Сарзамини ҷавонӣ» – соли 1950, «Тоҷикистони Советӣ» – соли 1951 эътибор ва эҳтироми ӯро ҳамчун муаллиф ва режиссёр хеле баланд менамояд. Ногуфта намонад, ки филми «Тоҷикистони Советӣ» аввалин филми ранга буда, аз рӯи мазмуну мундариҷа аз ҷониби ҳакамони синамои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ соҳиби баҳои баланд гардида, устод Б. Кимёгаров ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста мешавад. Ин мукофоти Олии Ватан уфуқҳои нави эҷодии ӯро боз намуда, фаъолияти филмофариаш васеъ мегардад.

ЭЪТИБОРИ ҲУНАР

Шояд ҳамин арҷгузории роҳбарияти Олимақоми ИттиҳодиШӯравӣ бошад, ки устод бо рӯҳияи баланди эҷодӣ филмҳои калонҳаҷми публитсистии «Иди халқи тоҷик» – соли 1955, «Одамони кишвари офтобрӯя» – соли 1957, «Ассалом Тоҷикистон» – соли 1960 ва «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон»-ро ба навор гирифта, дар маърази тамошои мухлисони сершумори хеш дар саросари қаламрави Иттиҳоди қарорашон медиҳад. Ин филмҳои ҳуҷҷатии таърихӣ-публитсистӣ, ки саропо аз меҳри Ватан сарчашма мегиранд, дар миёни мардум шуру валвалаҳои зиёдеро ба миён овард. Донишмандону киношиносон ва адибону олимони шинохта аз тариқи матбуоти даврӣ ва минбарҳои илмиву тадқиқотӣ назари хешро баён намуда, маҳорати филмофарӣ ва дарки баланди ватанхоҳии ӯро бо муҳаббат ва самимияти зиёд дастгирӣ намудаанд. Рӯзномаи шинохтатарини арбобҳои ҳунари Иттиҳоди Шӯравӣ «Советская культура» соли 1962 дар яке аз шумораҳои хеш аз қавли машҳуртарин шоири Шӯравӣ Н. Тихонов чунин матлабро манзури хонандагони сершумори хеш гардонида буд. «Киностудияи шаҳри Сталинобод баъди чанде аз хомӯшӣ бо филмҳои ҳуҷҷатии режисёри шинохтаи Шӯравӣ Б. Кимёгаров бори дигар собит сохт, ки мардуми тоҷик, дар баробари тамоми халқҳои дигари Шӯравӣ, дар тарғиби ғояҳои инсонпарварона ва сулҳхоҳонаи Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми хеле бузурги худро гузоштаанд. Мардуми Шӯравӣ, Тоҷикистони азизро бо номи устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ, устод Турсунзода, ки аз мубалиғони ғояҳои сулҳофарин Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд хеле хуб мешиносанд. Кимёгарови ҷавон ва ҳушманд, аз мактаби бузурги устод Айнӣ ва устод Лоҳутиву Турсунзода дар аксари филмҳои офаридааш истифода бурдааст, ки ин ҳама эътибори кинои тоҷик мебошад.» Ин баҳои шахсияти сиёсӣ ва шинохтаи адабиёт ва фарҳанги Шӯравӣ гувоҳи он аст, ки устод Кимёгаров миёни аҳли фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби хеле эҳтироми баланд будааст. Сенарияҳои офаридаи устод Б. Кимёгаров, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва далелҳои воқеъии ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷик рӯи кор меомаданд, барои филмофарон ва муҳаққиқони ояндаи кинои тоҷик уфуқҳои навро боз менамуд. Ҳамин тавр, филмноманависон ва филмофарони ояндаи кишвар аз рӯи ин асарҳои ҳуҷҷатӣ-публитсистии устод даҳҳо филмҳоро ба навор гирифтаанд. Ва бо ҳамин шуҷоату далерии ватанхоҳона ӯ гом дар шоҳроҳи филмҳои бадеии таърихӣ гузошта, аз рӯи романи устод Садриддин Айнӣ «Дохунда» соли 1956 аввалин филми бадеии хешро ба навор мегирад. Ин филми бадеии таърихӣ низ аз ҷониби олимону шоиру нависандагони Тоҷикистони собиқи Шӯравӣ хеле хуб ва бо арҷу эҳтироми зиёд пазируфта мешавад. Филми дигари бадеи-таърихии ӯ «Қисмати шоир»дар миёни тамошобинони сершумори кишвар соли 1959 соҳиби эҳтироми хоса гардида, номи пурифтихори устод Б. Кимёгаров дар радифи бузургтарин фарзандони фарзонаи миллат пайки эътибори ватанхоҳон мегардад.
Ин филми бадеии таърихӣ дар кинофестивали дуюми Байналмилалии Мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳираи Миср сазовори ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» гардида, эътибори кинои тоҷикро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ афзун менамояд. Акнун устод Б. Кимёгаров бо ҳунар ва истеъдоди фавқулоддаи хеш нигини ангуштарини филмофарони қаламрави сесад миллионнафараи Иттиҳоди собиқ Шӯравӣ гардида, ҳунар ва истеъдодаш харидорони зиёде пайдо мекунад. Муҳаббат ва самимияти ӯ бо мардуми тоҷик ва Тоҷикистони Шӯравию асолати беш аз ҳазорсолаи таърихи пурифтихори онҳо то бад-он поя буд, ки даҳо киностудияҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро барои кору фаъолият даъват намуданд. Ёҳамаи инро рад намуда, худро фарзанди азизи ин Ватан хонда, Тоҷикистонро модари азизи худ медонист. Бо ҳамин муҳаббат ва самимият, рӯ овард бо орзуву ормонҳои садсолаи хеш. Яъне аз рӯи «Шоҳнома»-и безволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бо навор бардоштани ҳамосаҳои қаҳрамонии ватанхоҳона ва саропо меҳру садоқати Ориёӣ. Ё солҳо дар ҷустуҷӯи нақшофарони матинирода ва ориёипайкару ориёиахтар буд. Охир «Шоҳнома»-и безавол ёду ёддоште аз Ориёи бузург буда, саропо аз муқовимат бар аду ва таззодҳои ватанхоҳонаи ориёӣ нашъа мегирад. Ё дар офаридан қаҳрамонҳо ва интихоби ҳунармандон бо дӯсти арҷмандаш Ефим Исаевич Мительман машваратҳои дарози корӣ намуд. Ефим Исаевич Мительман низ яке аз ҷоннисорони театр ва кинои тоҷик буд. Ё низ худро фарзанди асили Тоҷикистон мехонд. Ва беҳтарин рӯзҳои ҳаёти хешро қурбони фарҳанг ва ҳунари тоҷик намуда, хонаи охирати хеш, хоки поки Тоҷикистонро интихоб намуд. Устод Б. Кимёгоров, ки миёни аҳли адаб ва роҳбарияти олии Тоҷикистони Шӯравӣ соҳиби обру ва иззату икроми баланди инсонӣ ва фарҳангӣ буд, ин эътибор ва истеъдоду донишмандиаш гоҳҳо садди роҳи пешрафти фаъолияти эҷодиаш мегашт. Рашку ҳасад ва нотавонбинии баъзе аз ҳамкорон қалбашро харош медод.
Ё ки сарсупурда ва ҷонисори ҳунар ва истеъдоди ватанхоҳиву ватансозӣ буд, аз ҳалқаҳои ҷудогонаи ҷурабозиву хештанфурӯшӣ фарсахҳо дур буд. Иддае аз нотавонбинон дидаву дониста садди роҳи ҳунари волояш мешуданд. Ё бошад бо як табассуми зебо ва ҳалимиву меҳрубонӣ ин амали носавоби нотавонбинонро имтиҳони қисмат ва сарнавишт ном мебурд. Ана дар ҳамин шароити сангини рашку ҳасад ва нотавонбинии баъзе аз «дӯстон» барои раҳо шудан аз ин домҳои тазвири рӯзгори каждору марез рӯ овард, ба ҳамосаҳои қаҳрамонии «Шоҳнома» -и безавол. Аввалин филме, ки ӯ аз рӯи достонҳои «Шоҳнома» ба навор гирифт, ин филми «Ливои Коваи оҳангар» буд, ки соли 1961 шуҳрати ин филм дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ овозадор гардида, кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Эрони Шоҳаншоҳии афсонавӣ, ки меросбари ганҷи Ориёи бузург буд, ба ин филм таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, устод Кимиёгаровро фарзанди Эрони кабир хонда, аз ӯ даъват ба амал оварданд, ки бо ҳунармандони Эронӣ дар роҳи эҷодӣ ин достонҳои қаҳрамонӣ рӯи саҳнаи синамо ҳамкорӣ намояд. Устод, ки сиришти поки Ватанхоҳӣ дошт, меҳру муҳаббати Тоҷикистони азизи пур аз накҳату таровати ҷовидонӣ ӯро нагузошт, ки сирру асрори манзараҳои дилфиреби кишварашро бо ҷойи дигар иваз намояд. Ба ин даъват ва меҳрубонии эрониён аз ҷониби ӯ ҷавоби раддода шуд. Ҳама филмҳои ӯ аз хоки поки Тоҷикистони азизаш бархоста, дар самои бекаронаи Иттиҳоди абарқудрати собиқ Шӯравӣ соҳиби арҷу эҳтироми баланди ҳаводоронаш гардиданд. Ин филм охири солҳои шастум ва ҳафтодуми садаи гузашта дар тамоми мактабҳои саросари Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ҳамин филм меҳру муҳаббати Ватандорӣ ва раъиятпарвариро дар дили хонандагон ҷой намуда, онҳоро дар рӯҳияи кишварсозӣ ва садоқат бо марзу буми аҷдодии хеш тарбият намуд. Ҳеҷ ҷои шаку шубҳа нест, ки аксари кули фарзонагони миллат, ки имрӯз низ дар хидмати халқу Ватан ҷоннисоранд ин филмро тамошо намуда, ифтихори ватандорӣ ва ватанхоҳиашон аз он ҷо сарчашма гирифтааст.

КИМЁИ ҲУНАР
Филми дигари бадеии таърихи ин филми «Достони Рустам» буда, маҳз ҳамин филм заминаи эҷоди филми «Достони Рустам ва Суҳроб»-ро ба миён оварда буд. Филми бадеии «Рустам ва Суҳроб» низ аз ҷониби тамошобини зиёди қаламрави собиқи Шӯравӣ ва хориҷи он соҳиби эътибори хеле баланд гардида, ин филм соли 1972 Устодро барандаи ҷоизаи баландтарини адабии Тоҷикистони Шӯравӣ,Ҷоизаи давлатии ба номи Устод Рӯдакӣ намуд. Ҳамзамон, филми «Достони Рустам ва Суҳроб» соли 1972 барандаи Ҷоизаи аввалини кинофестивали кинои Шӯравӣ дар шаҳри Тифлис гардид. Баъди аввалин намоиши филми бадеии «Рустам ва Суҳроб» миёни тамошобинони тоҷик шуру валвалаҳои зиёде ба миён омад. Барои иддае аз тамошобинон ин фоҷеаи талхи сиришт ва сарнавишти куҳандиёри Ориё буда, марги писарро бо дасти падар қабул надоштанд. Дигаре онро қисса ва афсона пиндошта барои ояндагон панде аз рӯзгори қадим номаш мебурданд. Гурӯҳи сеюм бо ҳарорат ва эҳсосоти баланд манзараи марги Суҳроб-ро фоҷиаи рӯзгори худ дониста бо забони дард мегуфтанд:
Замини Ориё, ин модари пир,
Худои ман
Чаро ҷуз ғам назояд?
Агар Рустам балои ҷони Сӯҳроб аст,
Бигӯ Рӯдобаро, Рустам назояд.
Ин филм сарахбори ҳама маҳфилҳои фарҳангӣ гардида, миёни мардум бо номи «Рустам ва Сӯҳроб»-и Б. Кимёгаров ном бурда мешуд. Ин филми саропо дардва сузу гудози муҳаббат дар тулии наздики панҷоҳ сол қимматаш коста нагашта, ҳама чашмҳо ташнаи дидани он будаву ҳастанд. Ин филм дарвоқеъ кимёи ҳунари офаридгорӣ дар саҳнаи муқаддаси синамо дар ёдҳои сабзи мову манҳо нақши ҷовидонии хешро гузоштааст.
Филми дигари устод «Достони Сиёвуш», ки соли 1976 ба навор гирифта шуда буд, дар соли 1977 барандаи Мукофоти Кинофестивали 10-уми Умумииттифоқ барои беҳтарин офариниш ва беҳтарин таҳияи эҷодӣ дар шаҳри Ригаи соҳили Балтик гардида, шуҳрату шон ва эътибори кинои тоҷик дар миёни понздаҳ ҷумҳурии бародари иттиҳоди абарқудрати раиятпарвари Шӯравӣ соҳибтоҷ гардид. Ин хидматҳои бузурги устод Б. Кимёгаров дар даҳҳо мақолаҳои илмиву татқиқотӣ ва киношиносиву маҳорати ҳунарварӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта, ҳунаршиносони номвари Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ баҳои арзандаи хешро гузоштаанд. Даҳо китобҳои соҳаи синамо ва ҳунари офаридани филм номи поки устод Кимёгаровро бо ифтихори зиёд ёдоварӣ намуда, ӯро Сутуни нардбони кинои тоҷик ном бурдаанд. Донишманди хеле шинохта ва соҳибарҷу эҳтиром доктори имлҳои Санъатшиносӣ профессор устоди зиндаёд Низом Нурҷонов, ки беш аз шаст соли умри пурбаракати хешро сарфи таҳлилу таҳқиқ ва омӯзиши театри касбии тоҷик намудааст ҳанӯз соли 1976 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар мавриди ҳунар ва истеъдоди фавқулодаи филмофарии Б. Кимёгаров ва Е. И. Мительман гуфта буд. «Е. И. Мительман дар холигоҳи мактаби ҳунар ва маҳорати касбии нақшофарони Тоҷикистони Шӯравӣ аввалин шуда ибораи театр ва нақшофарии касбиро рӯи саҳнаи ҳунар овард. Ин абармарди дунёи ҳунар дар баҳои ҷони азизаш хишти авали театри касбиро гузошт. Чун хишти аввали бинои муҳташам ва муқаддаси театри касбии тоҷик бо дасти ин хирадманди дунёи ҳунар гузошта шуд, театри тоҷик дар андак муддат тавонист, ки ба тамошобинони соҳибзавки хеш намоишҳоеро пешкаш намоянд дархӯри замон ва завқи мардум бошад. ӯ мактаби бузурги ҳунари касбии Станиславскийро ба Тоҷикистон овард. Ва даҳо шогирдонро, аз ҷумла М. Қосимов, А. Бурҳонов, Г. Бақоев, С. Туйбоева, Ҳ. Раҳматуллоев, М. Саидов, А. Сулаймонов, Т. Фозилова, А. Хуҷаев ва Х. Назарова рӯи саҳнаи бузург ва муқаддаси нақшофарӣ овард, ки дар як муддати кутоҳ ҳар кадоми онҳо худ як театр гардида, эътибори миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро шуҳраи олам гардониданд. Яъне Ефим Исаевич Мительман қутби дурахшони театри касбии тоҷик буд. Б. Кимёгаров бошад киностудияи қариб валангор шудаи тоҷикро дар тарҳи нав ва завқи баланди классикӣ сохт. ӯ ки ҷонфидои кино ва мероси бузурги осори классикони фарҳанг ва ҳунари тоҷик буд умри азизашро сарфи ин роҳ намуд. ба ибораи дигар ӯ шоҳсутуни нардбони кинои тоҷик буд».
Ҳамингуна, мактаби ҳунари эҷодии устоди зиндаёд Б. Кимёгаров ҳанӯз дар дилу дидаи ошиқону шефтагони кинои классикии тоҷик қарор дошта ҳамагон ӯро чароғи абадии кинои тоҷик ном мебаранд. Устоди бисёр азизу соҳибэҳтиром, шинохтатарин фарҳангшинос, синамошинос ва файласуфи варзида, доктори имлҳои фалсафа мудири сектори фалсафаи фарҳанги Институти Фалсафа, Ҳуқуқ ва Сиёсати АИ. Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Раҳимов, ки беш аз си соли умри пурбаракати хешро сарфи таҳлилу таҳқиқи синамои касбӣ намудааст Б. Кимёгаровро шоҳсутуни синамои касбӣ ва классикии тоҷик ном бурда, китоби ба тозаги нашр намудаи хешро, ки таҳлил ва таҳқиқи кинои тоҷик аз назари як муҳаққиқи касбӣ мебошад ба истиқболи садумин солгарди зодрӯзи ин абармарди кинои тоҷик бахшидааст. Ин ҳама нишони арҷу эҳтиром ба ҳунар ва ҳунарманд буда, гувоҳи бар ҳаққи истеъдоди фавқулода ва ҳунарманди асил будани устоди зиндаёд Б. Кимёгаров мебошад.

Ҷумъахони Темурзода

P.S:Чанде баъд, садумин солгарди ин ҳунарманди мардумии тоҷик фаро хоҳад расид. Ҳамагон шефтагони ҳунар ва истеъдоди ин ҳунарманди соҳибарҷу эҳтиром дар хотираҳои сабзи хеш ва орзӯҳои махмалин аз рӯзу рӯзгори ватанхоҳиву ватандории ӯ ёд хоҳанд намуд. Ва хеле ба маврид мебуд, ки осорхонае, ки замоне ба хотири руҳи поки ин фарзонафарзанди Тоҷикистони азиз боз гардида буду бо сабабҳои номаълум бо фарёду фиғон аз байн бурда шуд. дар партави таъкидҳои ватанхоҳӣ ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Киностудияи Тоҷикфилм ба арҷу эҳтиром ба руҳи поки ба ҳақпайвастаи ин шоҳсутуни воқеъии кинои тоҷик, ки умре барои тоҷику Тоҷикистон дар курраи пуроташи ҳунар сӯхтаву сохтаастаз нав боз намуда ва гӯшае аз гулгаштҳои азизи Душанбе ба номи ин Душанбегии пурифтихор номгузорӣ мешуд аз ин қадрдонии онҳо рӯҳи поки ба ҳақпайвастаи ӯ шод мегардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори соҳибэҳтироми Душанбеи азиз, ки бо иқдомҳои созандагии хеш миёни аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишвар соҳиби иззату икроми баланд мебошанд, ин иқдоми шоистаро дастгирӣ хоҳанд намуд.


.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: