Рўҳҳои озод ва масрури хуфтагони синамо25-04-2018, 16:25
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
(Дирўзу имрўзи синамо) Бисту ҳафт соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои кишвар, махсусан фарҳангу маориф тағйироти куллие ба миён овард. Қарорҳои қабулнамудаи солҳои охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагии мардум неруи тозае бахшид. Дар фарҳанги миллат навидҳои ҷолиб ба миён омад, махсусан дар санъати кино ва воситаи аз ҳама бонуфузи иттиллоот - телевизион. Паси ҳам шаш Муассисаи давлатии телевизионӣ таъсис дода шуд, ки онҳо барномаҳои хешро бо жанрҳои гуногуни телевизионӣ омода ва пахш мекунанд, ки ин боиси хушнудист. Аз таъсисёбии санъати хело ҳам нозуку заҳматталаб- кинои тоҷик якчанд даҳсолаҳо сипарӣ гашт. Айни замон дар анборҳои ин санъати бонуфузи ҷомеа ангуштшумор сабти асарҳои бебаҳои адибони мо, яъне бо филмҳои мустанаду ҳунарӣ дар тасмаҳои кинову видеои ба саъю кўшиши гурўҳҳои эҷодӣ барои наслҳои имрўзу фардо боқӣ мондаанд. Аслан бузургии санъат ин инъикоси ҳаёти реалии ҷомеа дар шуури одамон бо воситаи образҳои бадеист. Бинобар ин, дар санъати кинову театр ва опера офариниши образ ба уҳдаи ҳунарманд аст ва танҳо ҳунарманди асили ин касби пурифтихор метавонад бо образи хотирмони хеш дар ёдӣ мардум асрҳо маскан гирад. Ба рафҳои болоиҳами қуттиҳои тасмадор, ки ҳазорон метр дар онҳо печидааст, менигараму симои коргардонҳои бузурги кинои тоҷик аз қабили Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров (Бенсион), Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муқаддас Маҳмудов, Октябр Тиллоев ва Бахтиёр Худойназаров пеши назар меояд. Филмҳои ҳунарии "Марги судхўр", "Ҳасани аробакаш", "Қисмати шоир", "Рустам ва Сўҳроб", "Достони Сиёвуш", "Хокистари сўзон", "Боз як шаби Шаҳрзод", "Ситораҳои сари танўр", "Бародар" ва ғайра бо истеъдоди баланди филмофарӣ таҳия шуда, дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби диплому ҷоизаҳо гаштаанд. Шараф ва манзалаи кинои тоҷик дар даврони ҳукмронии давлати абарқудрати Шўравӣ ҳамто надошт. Банда низ соли 1983 дар яке аз гурўҳҳои эҷодии филмофарони кинои тоҷик фаъолият доштам ва ҳамаи комёбии филмҳои офаридашуда аз иттифоқии мустаҳками гурўҳҳои эҷодӣ таҳия мегашт. Зеро номи ҳар филм зери унвони Киностудияи давлатии "Тоҷикфилм" ба дигар кишварҳои ҷаҳон фиристода мешуд. Масъулият на танҳо бар дўши як коргардон ва ё наворбардор, балки ба тамоми гурўҳи филмофарон меафтод. Ба ғайр аз вазифаҳои хеш ба кори ҳамдигар шарик гашта, фаъолонаю дилсўзона дар майдонҳои сабт амал менамуданд. Сухани ман ва ё азони ту умуман аз забони касе садо намедод. Гурўҳи эҷодӣ дар майдони сабт аз рўи сенарияи филм, ки аз ҷониби коргардон коркард шуда буд, амал менамуданд. Умуман ҳама зебо буд ва маҳсули меҳнат ҳам нишонрас мебаромад. Филмҳои ҳунарию мустанад ва тасвирии зиёд дар жанрҳои гуногун рўи навор меомаданд, коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои тоҷик бештар барои нақш бозидан ба студияҳои филмофарии дигар кишварҳои шўравӣ даъват мешуданд ва ё баръакс. Солҳои сабти филми ҳунарии “Ҷўра - шикорчӣ “(1983-85), ки аз шаш қисм иборат буд, банда ҳамчун ёвари коргардон оид ба интихоби ҳунармандон фаъолият доштам ва дар филми мазкур ҳунармандони зиёде аз кишварҳои собиқ шўравӣ нақшҳо меофариданд. Наворбардор ва таҳиягар аз кишвари Русия буданд. Яъне филмҳо бо якҷоягии гурўҳҳои эҷодию ҳунармандони собиқ давлатҳои шўравӣ таҳия мегаштанд. Ҷанги шаҳрвандии соли 1992 мутахассисони беҳтарини соҳаи синамои Тоҷикистонро аз кишвар гурезон кард. Қисмати зиёди воситаҳои техникӣ, камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои танзимию нурафкани ба ғорат бурда шуд ва қисми дигари он аз сабаби истифода набурдан, корношоям гаштанд. Кохҳои синамо дар қисмати зиёди шаҳру навоиҳои ҷумҳурӣ вайрону валангор ва як қисмаш фурўхтаву шахсӣ гардонида шуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, содиқони ин соҳа дар солҳои истиқлолияти давлатӣ филмҳои ҳунарии зиёдеро рўи навор оварданд. «Ситораҳои сари танўр», (муаллиф ва коргардони филм С. Р. Афардӣ), «Бародар», «Қош ба қош», (коргардони филм Б. Худойназаров), «Ал-Бухорӣ», (муаллифони филм Умед Содиқов ва Бақо Содиқов, коргардони филм Бақо Содиқов), «Пайроҳаи тақдир» (муаллифи филмнома А. Сидқӣ, коргардон Т. Собиров), бояд қайд намуд, ки наворбардории филм пас аз фавти коргардон нотамом монд) ва дар формати видеоӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио филмҳои ҳунарии «Овора» (муаллиф ва коргардонҳои филм Г. Муҳаббатова ва Д. Раҳматов), «Буд - набуд» (муаллиф Т. Аҳмадхонов, коргардон А. Раҳматуллоев), «Қиёми рўз» (муаллиф Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов), «Муҷассамаи ишқ» (муаллиф А. Зоҳир, (коргардони филм У. Мирзоширинов) аз он ҷумлаанд. Бо мақсади пешравии соҳаи кино аз 4 октябри соли 2005 таҳти рақами № 362, минбаъда ва барои солҳои 2006-2010 Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул шуд. Якчанд филми ҳунарӣ ба монанди «Зистан мехоҳам», «Гумгаштапайдо» (бо коргардонии Юнус Юсуфов), «Чашмаи мурод» (коргардонаш Орзу Шарифов), «Вақте ки болои шаҳр борон мерехт» (бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров), «Шоҳин» (бахшида ба 2700- солагии ш. Кўлоб), «Умеди охирин», «Нишони зиндагӣ», «Баҳори як кўча» бо коргардонии банда рўи навор омаданд. Филмҳои ҳунарии коргардонҳо Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова «Бигзор ин ҳама дар хоб бошад»,"Сафари ҳавоӣ" ва филми коргардони дигари тоҷик Искандар Усмонов «Тото», филми коргардон Асланшо Раҳматуллоев «Фаришта» ва филмҳои ҳунарии коргардон Носир Саидов «Муаллим», «Оинаи беҷило», филми ҳунарии «Марги бегуноҳ»-и Юнус Юсуфов, филмҳои ҳунарии "Захми носур", "Асрори хуфта" (бо коргардонии банда), филми ҳунарии "Гиреҳ дар гулў"-и Носир Раҳмонов, филмҳои ҳунарии "Баррачаи хаёлӣ", "Хокпайванд", "Бархез модар"-и Абдулҳай Зокиров аз зумраи чунин филмҳоянд, ки аз ҷониби тамошогарон хуш пазируфта шуданд. Аммо ҳоло ҳам филмҳои офаридаи мо ба талаботи синамоозмунҳои байналмилалӣ ҷавобгўй нестанд. Барои бартараф намудани он омилҳои зиёдеро, ки садди роҳи кинои тоҷик шудааст, бояд ҳал намуд. Норасоии кадрҳои миллии синамо оид ба ихтисосҳои наворбардорони касбӣ, пардозгарон (гримёр), рассомон, мутахассисони техникӣ (муҳандисони техникаи тасвирию танзимӣ ва садо, пиратехникҳо), коргоҳи коркарди тасма баръало эҳсос мешаванд (айни замон дар кинофестивалҳои байналмилалии бонуфуз маҳсули меҳнати синамогаронро танҳо бо воситаи тасма баҳогузорӣ менамоянд). Ҳамкориҳо бо синамогарони берун аз кишвар бояд ба роҳ монда шаванд. (бо тариқи лоиҳа. Агар як гурўҳ кормандони санъати кинои тоҷикро муддати як ва ё ду моҳ барои омўзиш ва шиносоии воситаҳои техникию майдонҳои сабт ба ширкатҳои филмофари Ҳолливуду Болливуд мефиристодем, аз манфиат дур набуд). Ниҳоят омили аз ҳама дарднок норасоии маблағи аст. Кино соҳаи даромадноктарин баҳисоб меравад, ба шарте, ки филм оғоз аз сенария то эҷоди образҳои ҳунармандон (дар баъзе нақшҳо истифодаи ҳунармандони маъруфи дигар кишварҳо ) бо воқеаҳои ҷолиб ва тааҷҷубовар таҳия шуда бошад. Бояд зикр намуд, ки маъруф гаштани киноҳои даврони шўравӣ аз истифодаи ҳунармандону гурўҳҳои эҷодии ҳамдигар номӣ гаштаанд. Барои ворид гаштан ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти аълосифат лозим аст, зеро ширкатҳои ҷаҳонӣ филмҳои хубро харидорӣ менамоянд. Воқеан, имрўз филмҳои ҳунарию телевизионии ширкатҳои филмофари ШМА (Голливуд), Британияи Кабир, Чин, Ҳиндустон (Болливуд), Туркия ва Русия, ки бо истеъдоди баланди филмофарӣ ва технологияи ҷадидтарини давр рўи навор омадаанд, бозоргузар аст. Бештари онҳо бо ҳамкории гурўҳҳои эҷодии якдигар, махсусан бо ҷалб намудани ситораҳои намоёни кино ва гурўҳҳои ҳунармандоне, ки амалиётҳои ниҳоят мураккабу хавфнок (каскадёр-трюк)-ро ба ҷои қаҳрамони асосии филм иҷро мекунанд, рўи навор меоянд. Пас аз итмоми пурраи филм заҳмати хешро ба маърази тамошогарони сераҳолии кишварҳои дунё ва пасон ба бозори фурўши филмҳои ҳунарии гуногунжанр пешкаш менамоянд. Таҳияи як филми ҷолиб ва намоиши он метавонад ба сокинони тамоми кишварҳои олам ба ғайр аз муаррифии таъриху фарҳанг, расму ойини миллати филмофар боз як ғизои хуби маънавӣ ва баробари он ба хазинаи давлат даромади молии бештар орад. Рўзу ҳафта моҳ ва сол аз назари инсон паси ҳам зуд сипарӣ мегарданд ва баробари он илму техника ва технологияҳои муосири гуногунсоҳа, аз ҷумла синамоӣ рушд меёбанд. Бо воситаи он филмҳои ҳунарии гуногунжанри ҳайратовар, эфектҳои филмбардории мураккаб ва ороиши компютерӣ рўи навор омада бинандаро мабҳуту ҳайрон мегардонад. Умед аст, ки синамои тоҷик оянда барои рушду такомул ва пешрафти фарҳанги миллати куҳанбунёдамон беҳтарин филмҳои мустанаду ҳунарӣ, таърихию саргузаштӣ ва тарбиявиро манзури тамошобинон мегардонад. Бояд ба он кўшид, ки қаҳрамонҳои офаридаи филмномаҳо идеали наврасону ҷавонон бошанд ва рўҳи ноороми хуфтагони синамо аз чунин комёбиҳо ва давомдиҳандагони заҳмати бебаҳояшон дар олами инамо масрур бигардад. Саидҷон Қодирӣ, кинорежиссёр |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.