Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърихи пайдоиши кино

Таърихи пайдоиши кино

29-10-2018, 11:30
Хабарро хонданд: 910 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи пайдоиши кино

Синамо (Кинематограф, кино) калимаи юнонӣ: κινεμα буда маънои ҳаракат ва тасвир карданро дорад. Кино навъи санъати тасвирии муосир мебошад, ки машҳуртарин намуди санъат ба шумор меравад. Соҳаи саноат, ки ба истеҳсоли филмҳо банд аст, киноиндустрия ном дорад. Филмҳоро дар киностудияҳо истеҳсол мекунанд.
Таърихи кино аз асри 19 оғоз меёбад. Аввалин киносозон бародарони франсуз Люмерҳо Луи ва Огюст мебошанд. Дастгоҳи наворбардории онҳо Люмер ном дошт, ки бо кӯмаки ин дастгоҳ ба осонӣ ба навор гирифтани филми беовоз мумкин буд.
Аввалин маротиба филми офаридаи онҳо моҳи марти соли 1895 дар Париж ба намоиш гузошта шуд. Аммо рӯзи тавлиди кино 28 декабри соли 1895 ба ҳисоб меравад. Зеро аввалин кинонамоиши пулакӣ дар таҳхонаи "Гран Кафе" баргузор гардид. Бародарон як чанд роликҳои кӯтоҳро, ки аз 50 дақика иборат буд намоиш доданд. Ролики аввал " Баромадани коргарон аз завод" ва дигараш " Омадани қатора" ном дошт, ки аз ҷониби тамошобинон хуб қабул карда шуд. Пас аз ин ИМА, Британияи Кабир, Германия ба навор гирифтани филм шуруъ намуданд,ки аз 15 дақиқа иборат буданд. Соли 1910 дар ИМА филмҳои зиёде дар ҳачми 1 соат ба навор гирифта шуд ва соли 1915 Гриффити амрикоӣ филмеро бо номи "" тавлиди миллатҳо" офарид, ки ҳаҷман аз се соат иборат буд. Ин филм 100 млн нафар тамошобин пайдо карда, даромади зиёдеро соҳиб гашт.
То соли 1927 қариб тамоми киноҳо беовоз буданд. Соли 1920 аввалин системаи сабти овоз ихтироъ гардид. Ин боис гардид, ки соли 1927 аввалин кинои овоздор аз ҷониби ширкати амрикоӣ Уорнер Брозерс рӯйи экран барояд.
Ҳамин тавр оҳиста- оҳиста офаридани кино дар тамоми дунё пайдо гардид. Дар Точикистон низ филмҳои зиёде рӯйи навор омаданд.
Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки 15 октябри соли 1929 – рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони советӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд – ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбихои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд”. Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани поезд шурӯъ намудаанд.
18 майи соли 1930 киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Трест ҳанӯз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт. Ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои кӯҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд. Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару шутуру асп ва гоҳе, агар омад кунад, бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд ва филмҳо сохта, таърихи сарнавишти нави мардуми моро дар навор сабт мекарданд. Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Дар радифи аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.

Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир» (соли 1934 , коргардон Комил Ёрматов), барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад. Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Тӯйбоева бозӣ кардаанд. Баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид. Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Тоҷикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кӯшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ӯ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанов (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмиллалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.



Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод. Дар паҳлӯи Кимёгаров таҳиягарони шинохта ба мисли Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Сӯҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова, Марворид Қосимова ва чанде дигарон фаъолият намуда, филмҳои хотирмон таҳия кардаанд. Хусусан филмҳои Р. Перельштейн - «Ман бо духтаре вохурдам» (ба заб. русӣ «Я встретил девушку»1957),Тоҳир Собиров - “Писар бояд зан гирад” (соли 1959), “Марги судхӯр” (соли 1966), силсилаи “Афсонаҳои Шаҳрзод” (солҳои 1966, 1984, 1987), “Зане аз роҳи дур” (соли 1978), “Вохӯрӣ дар дараи “марг” (соли 1980); Абдусалом Раҳимов - “Зумрад” (соли 1962), “Ситора дар тирашаб” (соли 1972);Анвар Тӯраев - “Духтари сеюм” (соли 1970), “Ишқи нахустини Насриддин” (соли 1977), “Дарди ишқ” (соли 1989);Марворид Қосимова - “Тобистони соли 43” (соли 1968), “Ҷӯра Саркор” (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз” (соли 1979);Сӯҳбат Ҳомидов - “Ривояти зиндони Павиак” (соли 1970);Марат Орифов - “Муҳосира” (соли 1977), “Қалби ман дар кӯҳсор” (соли 1966);Муқаддас Маҳмудов - “Қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи бачаҳое, ки...” (соли 1962), “Рояли сафед” (соли 1969);Давлат Худоназаров - “Субҳи нахустини ҷавонӣ” (соли 1979), “Марди роҳ” (соли 1982);Валерий Аҳадов - “Дарвеши ланг” (соли 1986), “Асрори оила” (соли 1983);Елизавета Кимёгарова - “Қиссаҳои Муки кӯчак” (соли 1983) ба саҳифаи таърихи кинои тоҷик ҳамчун филмҳои беҳтарини давраи шӯравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Евгений Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми “Офтоби дурахшони биёбон” машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар “Тоҷикфилм” шуруъ кардааст. Филме, ки ӯ таҳти унвони “Бачаҳои Помир” (соли 1963) ба навор гирифтааст, бо худ давраи нави гӯяндагиро ҳам дар самти “забони филм” ва ҳам дар маҷмӯъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон - Майрам Юсуфова, Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои “Айёми алафҳои зард” (соли 1991), “Мусофир” (соли 1989), “Братан” (ё “Бародар”, соли 1991), “Ситораҳои сари танур” (соли 1991), филмҳои кӯтоҳметраи ҳунарии “Панҷара” (соли 1989), “Чоҳ” (соли 1991), “Хоби бедорӣ” (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад.
Баъди пош хӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд. Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шуҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), Овора” (Г.Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюссерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.
Маҳз дар ҳамин партав аввалин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфавии “Қиёми рӯз” аз ҷониби Носир Саидов дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009). Филм то ин дам соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмиллалӣ гаштааст. Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира хеле фаъолона бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак эҷод менамоянд. Дар пойтахти Тоҷикистон ҳар ду сол кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Анора Ахмедова
Машҳура Камолова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: