ТАҲҚИҚГАРИ БАРҶАСТАИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН22-05-2020, 09:25
Хабарро хонданд: 458 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори 85-солагии нахусткошифи ёдгории Саразм, доктори илми таърих зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқӣ "Соли 1965 дар шаҳри Панҷакент археолог А. Исҳоқов бори нахуст дар таърих алифбои суғдиро ёфт. Дар танаи хум ҳарфҳо ва машқи хат сабт шуда буд. Алифбо 28 ҳарф дорад, ки он тамоми ҳарфҳои алифбои оромӣ аст ва ҳатто, он ҳарфҳое низ ҳастанд, ки амалан истифода намешуданд. Ана, акнун маълум шуд, ки чаро Сюан-Сзан "Аз бист андаке зиёд" гуфтаасту 18-19 ҳарф нагуфтааст, ки он амалан ба кор мерафт. Вай ин маълумотро аз ягон суғдии босавод гирифта будааст ва ин суғдӣ ба вай шумораи аслӣ, яъне гуфтан мумкин, шумораи назариявии ҳарфҳоро хабар додааст, ки ҳар як одами саводноки он давра медонист". Бобоҷон Ғафуров (Аз шоҳкитоби "Тоҷикон"). Ин навиштаро хондам ва суханҳои матншиноси маъруф, устоди донишгоҳиам Дадашевро, ки ба мо-донишҷўён аз фанни матншиносӣ лексия мехонд, ба хотирам расид. Устод бо ифтихор мегуфт: «Хати суғдӣ яке аз нахустин хат дар ҷаҳон аст. Ифтихор мекунем, ки офарандагони ин хат гузаштагони номвари тоҷикон мебошанд». Матншиносони рус пораҳои навиштаҷоти гуногуни суғдиро хондаанд, аммо бозгардони матнҳо чандон комил нестанд, зеро то имрўз алифбои мукаммали суғдӣ ёфт нашудааст. Ва ин алифборо Абдуллоҷон Исҳоқӣ ёфт. Тасаввур кунед, хонандаи азиз, ки ин бозёфт барои илми ҷаҳонӣ чӣ гуна арзише дошт. Ин кашфиёт ба бостоншиноси ҷавон дар соли 7-уми фаъолияташ, ҳангоми ковишҳои бостонӣ аз куҳандизи Панҷакенти қадим муяссар гардид. Он гоҳ ў таҳти сарварии ходими илмии Институти таърихи маданияти моддии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург), профессор Александр Маркович Беленитский кор мекард. Тавре суғдшиноси намоёни рус В. А. Лившитс менигорад, ин алифбо имкон дод, ки хондани дастхатҳои бо забони суғдӣ навишташуда осон гардад. Алифбои дарёфтнамудаи А. Исҳоқӣ дар хондани осори хаттии бо забони суғдӣ навишташуда, ки аз кўҳи Муғи ноҳияи Айнӣ ёфта шуданд, мақоми калон бозид. Абдуллоҷон Исҳоқӣ, ки баъдтар дар вазифаи сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти қадим ва Саразм-Панҷакенти қадим кор кардааст, на танҳо ба таҳқиқи ёдгории беназири Панҷакенти қадим машғул буд, балки ёдгориҳои ҳудуди водии Зарафшон-Филмандар, Зардчахалифа, Холиқназар, Кўчраҳа, Косатарошу Зебон ва ғайраро омўхта, тарзи ҳаёти моддию мадании сокинони деҳнишини замони кўшониён ва суғдиён, бўстонсарои ҳокимони Панҷакенти қадим, кўшку дижҳои заминдоронро ба мо-ворисони имрўзаи ин тамаддуни бузург ошно намудааст. 13 сентябри соли 1976 барои Абдуллоҷон Исҳоқӣ ҳамчун рўзи мавлудаш, рўзи фаромўшнашавандаю таърихӣ, шуҳрату номварӣ дар илми бостоншиносии тоҷик гардид. "Дар соҳили дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии дашти Саразм ёдгории аҳди биринҷиро пайдо намудам»,-менависад дар китобашон таҳти унвони "Саразм" Абдуллоҷон Исҳоқӣ. -Ин сатрҳоро навишта, ба кашшофони ин ёдгорӣ, маъюби ҶБВ Ашўралӣ Тайлонов ва духтари ў Ҷамила Бобомуродова ҳазорҳо ташаккур мегўям. Онҳо ба осорхонаи ба номи Рўдакӣ даромада, чашмашон ба табарчаи гаҷие афтодааст. Ин табарча нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳия ёфт шуда буд. Ашўралӣ аз корманди осорхона дар бораи ин табар маълумот гарифта, гуфтааст, ки ҳангоми хонасозӣ ў низ чунин табарро ёфтааст, агар барои осорхона лозим бошад, ў метавонад ин табарро туҳфа намояд. Вақте ин хабари хушро ба ман расонданд, ба гўшҳоям бовар накардам, зеро он аз як воқеаи оламшумуле дарак медод, ки солҳо интизораш будем. Дарҳол ба деҳаи Авазалӣ омадам ва ба ҷустуҷўи Ашўралию бозёфташ шитофтам…". Ҳамин тавр, қадимтарин шаҳраки суғдиён кашф гардид ва таҳқиқи он оғоз ёфт. Пас аз чанд рўз Абдуллоҷон Исҳоқӣ якҷо бо лаборанти Пойгоҳи бостоншиносӣ Усмон Эшонзода ва Ашўралӣ Тайлонов масоҳати ёдгориро бо қадам чен кардаанд. -Давоми чанд рўз дар якчанд нуқтаи ёдгорӣ чоҳҳои санҷишӣ кофта, осори гуногун ва сафолпораҳои зиёдеро пайдо намудем, вале ягон пораи зарфи гулдор, ки дар асоси он санаи қабатҳо дақиқ муайян карда шаванд, пайдо нашуд. Дар миёнаҳои моҳи феврал ҳамроҳи Исҳоқӣ ба Саразм рафтем. Ду рўз он ҷо кор кардем, рўзи сеюм ковишҳоро идома додем. Устод барвақттар ба шаҳр, ба пойгоҳ баргаштанд. Нисфирўзӣ аз чуқурии зиёда аз 3 метр нисфи зарфи ҷомшакли зебо бо ранги қаҳвагӣ нақшу нигоршуда, чанд осори устухонӣ ва сангии ҷолибе баромаданд,-ба ёд меорад номзади илми таърих Усмон Эшонзода. Ҳамин тавр, нахустин осори зиндагии саразмиёни замони Энеолит- санг ва биринҷӣ ёфта шуданд. Бозёфтҳои бешумори солҳои баъдӣ имкон доданд, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти моддию мадании саразмиён, олами набототу ҳайвонот, намунаҳои сарватҳои табиӣ, осори кишоварзӣ, санъати меъморӣ, кулолгарию заргарӣ, эътиқоди мазҳабӣ ва ғайра омўхта шаванд. Дар ҷараёни ковишҳо Абдуллоҷон Исҳоқӣ муайян намуданд, ки саразмиёни замони энеолит хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва ҷамоатиро бо хишти хом ва похса месохтаанд. Бари девори похса 50-75 см., баландиаш 2-2,5 метр будааст. Ба хотири мустаҳкам шудани хиштҳо ба лой коҳи маҳини ҷаву гандумиро меандохтаанд. Манзили саразмиён аз биноҳои бисёрхонадори алоҳида иборат будааст ва дар ин биноҳо аз 2 то 5 оила зиндагӣ мекардаанд. Масоҳати истиқоматгоҳи як оила 20-25 метри мураббаъро ташкил медодааст. Ҳавлиҳои кушод, кўчаҳо ва танкўчаҳо биноҳои алоҳидаро аз якдигар ҷудо мекардаанд. Ҳар як қабила дар ҷои алоҳида манзил бунёд ва мустақилона зиндагӣ мекардааст. «Сохти ҷамъиятии Саразм дар ҳазорсолаҳои IV-III модаршоҳӣ буд», навиштаанд Абдуллоҷон Исҳоқӣ. Ин фарзияро бостоншиносони Иттиҳоди Шўравӣ, Фаронса, ИМА, Ўзбекистон ва дигар кишварҳо тасдиқ намуданд. Бостоншиноси машҳури Амрико, профессори Донишгоҳи Гарварди шаҳри Кембриҷ К.К. Ламберг Карловский дар як суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо гуфта буд, ки ба туфайли ҳафриёти Саразм таърихи пайдоиши ҷамъияти замони модаршоҳию падаршоҳии инсоният муайян карда шуд. Мо дар осори тамаддуни Саразм маданияти маъдангудозӣ (тилло, нуқра, мис, қалъагӣ), кишоварзию чорводорӣ, намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ва ибтидои шаҳрсозиро мебинем. Ламберг Карловский ва ҳамкасби ў, муаллими Коллеҷи штати Массачусетс Филипп Колл, ки тобистони соли 1985 дар ду мавзеи ёдгории Саразм тадқиқот гузаронида, аз зери хоктўдаҳо чаҳор хонаи похсагину хиштин ва дар ин хонаҳо осори зиёди маданияти саразмиёнро пайдо карда буданд, ба ин хулоса омаданд, ки сокинони ин диёр дар замони асри сангу биринҷӣ дорои маданияти баланди шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ будаанд. Олимони амрикоӣ дар давоми ду моҳи таҳқиқоти илмӣ дар Саразм ба усулҳои нави ковишҳои бостоншиносии Абдуллоҷон Исҳоқӣ ва ҳамкоронашон баҳои баланд доданд. Устод зуд-зуд ба идораи рўзномаи "Зарафшон" меомаданд, албатта бо дастовез-мақолаи хубу хонданӣ дар бораи ҷараёни тадқиқоти бостоншиносӣ. Мо мақолаҳоро якҷоя таҳрир мекардему такмил медодем, атрофи бозёфтҳои нав суҳбат мекардем. Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар бораи бозёфтҳои навашон бо шодию ифтихор ба ман қисса мекарданд. Аз бозёфти муҷассамаи модархудо, ки аз гили сурх сохта шудааст, ҳикоят мекарданду арза медоштанд, ки он рамзи кишоварзон аст, акси муҳри сангини барзаговро нишон дода мегуфтанд, ки он аломати ба чорводорӣ машғул будани ниёгонамон аст. Аз ёфт шудани қабри маликаи Саразм бо фараҳу шодӣ сухан мегуфтанд ва ифтихор мекарданд, ки он аз сарзамини суғдиёни қадим пайдо карда шудааст. -Мо онро «модаршоҳ» номидем, зеро зан дар ҷомеаи саразмиҳо мавқеи асосӣ ва ҳалкунанда дошт,-гуфта буданд устод. -Модаршоҳи Саразм, ки дар як қабр ҳамроҳи ду ҷасади дигар, мард ва духтарча ёфта шуд, бо зару зевар ва ороишоти зиёди занона аз қабрҳои дигар фарқ мекард. Устод дастпона ва гарданбанди заррин, ду дастпонаи аз устухони моҳии баҳрӣ сохташуда, марҷонҳои заррини аз кокули бону ёфтшударо борҳо ба мо нишон додаву гуфта буданд, ки чунин осор дар дигар минтақаҳо ва кишварҳо то ҳанўз ёфта нашудаанд. Ин ҳама маҳсули дастони эъҷозофари ҳунармандони аҳди энеолити Саразм буданд. Дар бораи маснуоти ороишии аз сангҳои гуногун-булўр, ақиқ, лоҷувард, фирўза, санги сулаймонӣ, биринҷӣ ва ғайра сохтаи заргарони соҳибҳунари саразмӣ бо шавқ қисса мекарданд, арзиши бебаҳои ҷавоҳирот ва ҳунари баланди офарандагонашро бо ифтихор таъкид менамуданд. Донишманд, хоксор, суҳбаторо ва ширингуфтор буданд, устод. Ҳар боре ки ба Саразм меомадам, олимро бо либоси пурчанг, кулоҳи хасини лапараш васеъ дар сар, дар даст тешаи махсуси хокканӣ дар мавзеи ҳафриёт медидам. Ҷаҳд доштанд як бозёфте пайдо намоянд, то ҳунару тамаддуни беназири ниёгонамонро пурра кунаду ғанӣ гардонад. Сари ҳифзу нигоҳдошти осори ёдгориҳои Панҷакенти қадим ва Саразм андеша мекарданд, илоҷ меҷустанд ва пешниҳодҳо менамуданд. Зимни ҳамин дидору мулоқот мо дар ин бора маслиҳат мекардем. Устод боре назди ман омада, хоҳиш карданд, ки матни муроҷиатномаро ба сессияи шўрои депутатҳои халқи шаҳр, ки бояд дар охири соли 1990 баргузор мешуд, омода намоем. Гап дар сари он буд, ки аз майдони қариб сад гектараи ёдгорӣ қисми зиёдашро колхози "Ленинград" (ҷ/д Саразм) соҳибӣ кардаасту барои кишт истифода мекунад ва ё роҳбарон заминро барои сохтани манзил ба сокинони деҳоти атроф тақсим карда додаанд. Дар ҳамон рўзҳо раёсати колхоз боз 5 гектар замини ёдгориро ҳамчун замини назди ҳавлӣ ба аъзои хоҷагӣ пешкаш намудааст. Устод, ҳамчунин, гуфтанд, ки бо қарори АИ Тоҷикистон ва академияи миллии Фаронса соли 1992 дар Панҷакент Конфронси бостоншиносони ҳарду кишвар бо мақсади ҷашнгирии таърихи тамаддуни 6000-солаи суғдиён доир карда мешавад. Дар ин форум олимони машҳур иштирок мекунанд. Агар онҳо бинанд, ки замини ёдгорӣ тороҷ шудааст, ҳоли мо чӣ мешавад? Мо матни номаро аз номи Абдуллоҷон Исҳоқӣ ба унвони сессия навишта, хоҳиш намудем, ки ҳудуди ёдгориҳои таърихии Панҷакент, аз ҷумла ёдгории шаҳраки Саразм, аз ҳисоби хоҷагиҳо бароварда шавад. Як ҳайати депутатӣ таъсис дода, вазъи ҷойдошта санҷида, ҷудо намудани замини назди ҳавлӣ фавран боздошта шавад. Дар ҳамин нома масъалаи созмон додани музейи таъриху тамаддуни суғдиён дар Саразм ба миён гузошта, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо кардани 25-30 ҳазор сўм талаб карда шуд. Сессияи шаҳрӣ ин дархостро баррасӣ карда, дар бораи ба ҳудуди ёдгорӣ баргардондани масоҳати 7 гектар замини ғасбшуда, ҷудо кардани маблағи дархостшуда ва ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта қарор қабул намуд. Қарор иҷро шуд. Барқарор намудани ҳудуди 100 гектараи масоҳати ёдгории Саразм имрўз низ вазифаи муҳимтарин аст ва ин вазифаро бо ҳисси масъулияту дилсузӣ ва ифтихори ватандорӣ иҷро бояд кард. Ман он вақт депутати шўрои шаҳрӣ будам, бо маслиҳату машварат бо Абдуллоҷон Исҳоқӣ ҷиҳати дар муддати се сол боздоштани ҳафриёти Панҷакенти қадим бо нома ба шўрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент муроҷиат намудам. Асли гап ин буд, ки аз бенизомиҳои солҳои аввали 1990 истифода бурда, бостоншиносони ленинградӣ бозёфтҳои аз ҳафриёти Панҷакенти қадим ёфтаашонро бо худ ба Ленинград мебурданд. Дар нома ҳолатҳои дуздию тороҷи деворнигораҳо, нигораҳо аз тиллою нуқра, асбобҳои ороиширо зикр намуда, аз сессия дархост намудам, ки тамоми бозёфтҳое, ки ба Эрмитажи Ленинград ва дигар ҷойҳо бурда шудаанд, ба Панҷакент баргардонда шаванд ва пеши чунин ғоратгарӣ минбаъд гирифта шавад. Дар оянда ковишҳои бостоншиносӣ фақат бо розигии шўрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент сурат гирад. Шўрои шаҳрӣ аз 25 декабри соли 1990 доир ба ин масъала қарорҳо қабул кард. Қарорҳо дар рўзномаи "Зарафшон" аз 19 январи соли 1991 чоп шуданд. Сад афсўс, ки ин қарорҳо иҷро нашуданд ва боз ҳам сарвати бебаҳои таърихи ниёгон ба кишварҳои бегона бурда шуд. Бо хоҳиши устод ман дар конфронсҳои байналмилалии бостоншиносон, ки дар шаҳрҳои Самарқанд ва Панҷакент баргузор шуда буданд, иштирок доштам. Яке аз ин форумҳо коллоквиуми бостоншиносони машҳури Шўравӣ ва Фаронса буд, ки санаи 25 августи соли 1986 дар шаҳри Самарқанд оғоз ёфта 30 август дар шаҳри Панҷакент ба поён расид. Пас аз фарҷоми форум дар Панҷакент олимон ба ёдгории Панҷакенти қадим омада, ин шаҳри давраи аввали асримиёнагии тоҷиконро бо мароқи зиёд тамошо карданд. Муаллифи ин сатрҳо дар ҳамин ҷо бо якчанд нафар олимони маъруфи дунё суҳбат карда буд, ки мўҳтавои он дар чандин рўзномаю маҷалла чоп шуд. Зимни он суҳбати таърихӣ Б.А.Литвинский-академики АФ РСС Тоҷикистон, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон чунин гуфта буд: "Ҳафриёти Саразм бо роҳбарии А.И.Исҳоқов аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Он барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Нахустин маротиба муяссар гашт, аниқ карда шавад, ки гузаштагони қадимии тоҷикон, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, камаш 6 ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин ҳам пештар кишоварз шудаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини Тоҷикистон тамоман дигар мекунад. Илова бар ин, тавассути ин кашфиёт ақидаи олимон дар бораи он, ки тамаддуну маданияти қадимтарини Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Миёна дар куҷо воқеъ гардидааст, ба тамом дигар шуд… Ба ҳамин тариқ, ба шарофати Саразм ҳудуди Панҷакент, тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсоният дохил мешавад. Ҳамаи ин ба наздикӣ ба китобҳои дарсии таърих дохил мешаванд ва онҳоро акнун аз сари нав навиштан лозим меояд". Боиси ифтихор аст, ки саҳифаҳои аввалини ин таърихро Абдуллоҷон Исҳоқӣ навиштаанд ва дар китобҳои сершуморашон ҷой додаанд. Шогирдонашон Усмон Эшонзода, Абдурауф Раззоқов, Шарофиддин Қурбонов ва чандин бостоншиносони имрўз машҳури тоҷик кори устоди шуҳратманди худро идома медиҳанд ва саҳифаҳои нави таърихи пуршарафи ниёгонро рўи саҳифа меоранд. Ман ин сатрҳоро 20 апрел, дар зодрўзи устоди бузург ва дўсти азизам менависам. Агар устод зинда мебуданд, мо-ёрони ҳамдилу ҳамақида имрўз дар паҳлўяшон нишаста, 85-солагиашонро бо меҳру фараҳу ифтихор шодбош мегуфтему хурсандӣ мекардем. Тасаввур мекунам, ки устод бо табассум, сарро боло карда, пойкўбон ҷилваи китфонро ба савти мусиқии дилфиреб пайванд дода, зебо мерақсанд. Чандин сол маҳфили мо ҳамин тавр рўҳбахшу дилнавоз буд. Мо-дўстон субҳи барвақт ба боғи пойгоҳи бостоншиносӣ меомадем ва ба омода кардани маводи оши палав машғул мешудем. Сабзиро устод маҳин пора мекарданд, зеро дар ин кор ҳунари баланд доштанд. Толибҷон Темиров-муовини вақти раиси комиҷроияи шаҳр ош мепухту шогирди ҷавони устод Абдурауф Раззоқов ба алави дег назорат мекард. Чун палав тайёр мешуд Абдуллоҷон Исҳоқӣ сари дастархон менишастанд ва аз рўи одат мегуфтанд: «Имрўз танобҳоро меканем». Ин суханро барои он мегуфтанд, ки завҷа ва ҳамкорашон Нозукой Исҳоқова шавҳарро ҳамеша таъкид мекарданд, ки шароб ва таъоми серравған истеъмол накунанд. Устод аз бемории қанд ва фишорбаландӣ ранҷ мекашиданд. Шояд, ин пайомади сўхтори фалокатбор дар бинои Пойгоҳ буд, ки амвол, китобҳо, санаду дастнависҳои Абдуллоҷон Исҳоқиро ба комаш кашид. Робитаҳои хуби дўстию оилавӣ моро бо Абдуллоҷон Исҳоқӣ азизу қарин гардонда буданд. Ман дар маъракаҳои устод дар деҳаи Чилгазии Исфара, дар тўйи хонадоршавии фарзандашон Ҷамшед дар Истаравшан иштирок кардаам. Устод низ болонишини тўю маъракаҳои мо буданд. Мо-дўстон моҳе як- ду маротиба ҳарифона мехўрдем. Хуб дар хотирам ҳаст, ки охири моҳи июли соли 1997 ман ва директори комбинати ширу гўшти шаҳри Панҷакент Адҳамҷон Розиқов хабари бемор шудани устодро фаҳмида ба аёдаташон рафтем. Устодро дар боғи пойгоҳ машғули нигоҳубини гўсфандон дида, шод шудем, ки аз бистари беморӣ бархостаанд. Рўйи харак нишаста бо устод суҳбат кардем. Исҳоқӣ пойҳои сахт варам кардаашонро нишон дода гуфтанд: «Ҳоли ман ҳамин аст, намедонам оқибати кор чӣ мешавад. Ҳарчӣ набошад, ҳамин якшанбе аз биринҷи Хурмӣ палов мепазем». Мо ин маслиҳатро хуш пазируфтем ва пас аз чанд лаҳза бо устод хайрбод гуфтем. Чоштгоҳи рўзи якшанбе масолеҳи заруриро харида, ба пойгоҳ омадем. Ғайриинтизор дидем, ки чанд кас вориди боги пойгоҳ шуданд. Дар ҳайрат афтодем. Нафаре, ки дар даромадгоҳ меистод, бо ҳасрат гуфт: «Абдуллоҷон аз олам гузаштанд…». Ҷанозаи ҷонфидои илм, бостоншиноси машҳур, олими сатҳи ҷаҳонӣ, азизи пиру ҷавони Панҷакент устод Абдуллоҷон Исҳоқӣ серодам буд. Мардон ҳама миёнбаста ва бонувон сияҳпўш буданду мегиристанд, дарду ҳасраташон поён надошт. Инсонҳо аз даргузашти фарзандони асилу ба хизмати халқ содиқ дард мекашанд, аз қаъри сина фиғон мебароранд… Луқмон Қурбон,
адиб ва рўзноманигор, шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.