Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук

Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук

23-01-2019, 09:17
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
 Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук
Бостоншиносон дар шаҳраки “Ҳулбук” маҳаллаи ҳунармандӣ, осори дасти онҳо ва вайронаҳои дуконҳои ҳунармандонро пайдо кардаанд. Абдулло Хоҷаев, мудири Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Ҳулбук" гуфт, ки ковишҳоро бостоншиносони тоҷик идома медиҳанд. Шишапораҳои пухташуда, пораҳои хумдон пайдо кардем, дар гардани як зарфи симоб бо форсӣ навишта шудааст ва ҳоло инро бояд дар вазорати фарҳанг дақиқ кунанд.
Корҳои бостоншиносӣ дар харобаҳои ин шаҳри қадим аз солҳои 1950-ум шуруъ шудааст ва бостоншиносон мегӯянд, қалъаи Ҳулбук аз асрҳои 9-12 мондааст. Дар солҳои истиқлол қалъаро тармим карданд, аммо ковишҳо мутавақиф шуд.
Абдулло Хоҷаев, гуфт, бозёфтҳои охир нишон доданд, ки дар қисми шимолу шарқии шаҳристон маҳаллаи хунармандӣ бо дӯконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти фулизӣ вуҷуд доштааст, чун маҳсулоти нимтайёрро дар инҷо пайдо кардаанд.
“Шишапораҳои пухташуда, пораҳои хумдон пайдо кардем, дар гардани як зарфи симоб бо форсӣ навишта шудааст ва ҳоло инро бояд дар вазорати фарҳанг дақиқ кунанд", гуфт, Хоҷаев.
Соли 2016 Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷоизаи "Global rating nomination"-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид-ро соҳиб шудааст.
Бостоншиносон мегӯянд, талош мекунанд, баҳори имсол дуконҳои ҳунармандиро аз зери хок комилан берун оранд. Ба гуфтаи онҳо, дар шаҳристони “Ҳулбук”, ки эҳтимол маркази Хуталон будааст, даҳҳо ёдгории таърихии дигар нуҳуфтааст.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: