Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

25-12-2025, 11:15
Хабарро хонданд: 43 нафар
Назарҳо: 0
ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар рӯзҳое рост омад, ки мардуми кишварамон дастовардҳои бобарори як соли саршор аз рӯйдодҳои муҳимро натиҷагирӣ мекунанд.
Тавре ки Сарвари давлат изҳор доштанд, соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон як соли таърихӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин сол интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор гардида, маҳз дар ҳамин сол бо ташаббуси роҳбарияти кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ муайян карда шуда, шартномаи таърихӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, дар ин давра шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Дигар аз рӯйдодҳои таърихии соли 2025 ин буд, ки Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Ҳамчунин, дар ин сол зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Инчунин, дар соле ки сипарӣ мегардад, бо иқдоми кишвари мо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид.
Баъдан, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ” қабул карда шуд.
Ташаббуси дигари Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид.
Президенти маҳбуби кишвар зимни ироаи Паём бо ёдоварӣ аз ин ва дигар рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ аз боло рафтани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид кард ва изҳор дошт, ки ҷонибдории ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид, созмони ЮНЕСКО ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки пешниҳодҳои ояндасози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушду беҳбудии башар нигаронида шудааст, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Зимни ироаи Паём зикр гардид, ки ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2019-2025 дар мамлакат беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода шуд, ки аз ин танҳо дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки “мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад”.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт - 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда мешавад, ки дар натиҷа истиқлоли энергетикии кишвар таъмин хоҳад шуд. Дар баробари бунёди неругоҳи “Роғун” ҳамчунин, дигар неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд, ки ин ҷиҳати беҳбудии истеҳсоли неруи барқ барои 50 соли оянда мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат дар баробари таҳлилу баррасии масоили гуногунҷабҳаи соҳаҳои калидии мамлакат ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро аз самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати кишвар маънидод карда, тадбирҳои дар ин самт андешидашударо омили рушд ва такони ҷиддӣ ҷиҳати пешрафти ин соҳаҳо арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, иброз доштанд, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ баҳри пешрафт ва беҳбудии ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.
Вобаста ба тарбияи маънавӣ ва таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон Роҳбари давлат бедор намудани хотираи таърихиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки тӯли 10 соли охир дар мамлакат 150 иншооти соҳаи фарҳанг бунёд ва мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифта, инчунин, 350 иншооти дигари соҳа таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра бо мақсади маърифатнокии аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг 900 номгӯйи адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Инчунин, бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуданд.
Мояи ифтихору сарфарозии мо, мардуми Тоҷикистон аст, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти маҳбуби кишварамон аз самараи ояндасози тадбирҳои андешида дар самти рушди илму маориф, фароҳам овардани шароитҳои таълиму тарбия ва маърифатнокии аҳолӣ далелҳо оварда, иброз доштанд, ки ҳамакнун замони илму маърифат, омӯхтани миллати тоҷик омадааст.
Чуноне ки Пешвои миллат изҳор доштанд, мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарку мушоҳида карда истодаанд, ки дар ҳар деҳа оилаҳои ҳунарманд, донишманду корсоз чӣ гуна зиндагии хуб доранд. Ба ин хотир, бори дигар аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбия, маърифатнокии насли ҷавон таваҷҷуҳи дучанд намоянд.
Зимни ироаи Паём Роҳбари давлат, ҳамчунин, аз нақши ҷавонону бонувон дар рушди ҷомеа ва пешрафту тараққиёти мамлакат ёдрас гардида, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ин сиёсат дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Президенти кишвар бо таъкид аз соли 2026 - соли ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз мардуми шарифи меҳани азизамон даъват ба амал оварданд, ки то таҷлили ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳу сифати баланд доир намоянд. Вобаста ба ин, бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад.
Сарвари хирадманди мо бо дарназардошти он ки чор сол қабд доир ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фармон ба имзо расонида буданд, ҳамакнун, пешниҳод намуданд, ки соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дарвоқеъ, тавре Пешвои миллат изҳор доштанд, сокинони ватандӯсти ин диёри биҳиштосо, ки санҷишҳои бузурги оғози даврони соҳибистиқлолиро бо сабру таҳаммул ва иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар кардаанд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин менамояд.
Низора ОЛИМЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: