Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №195 аз 2 майи соли 2019 ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил карда мешавад.
Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ тасдиқ гардида, Вазорати фарҳанг,Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду шаҳри Панҷакент, инчунин дигар вазорату идораҳо муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки чорабиниҳои дар нақша пешбинишударо таъмин намоянд.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Панҷакент сохта ба истифода додани 29 иншооти ҷашнӣ дар назар аст.
Бояд гуфт, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ ва бунёди иншооти гуногун аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ ва бахшҳои хусусӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Раиси шаҳри Панҷакент Шафеъиён Ислом Зиёзода дар сўҳбат бо мо гуфт, ки айни замон сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ, меҳмонхона, дўконҳои ҳунармандӣ барои фурўши маҳсулоти ҳунармандон, дарвоза ва панҷарадевори атрофи мамнўъгоҳи Саразм, азнавсозии роҳи нақлиётӣ дар мадди аввал қарор дошта, корҳои арматурбофивубетонрезии таҳкурсиҳо оғоз ёфтааст.
Сохтмони дўконҳои ҳунармандӣ дар айни тарҳрезиву лоиҳакашӣ буда, ин ҳама аз буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ карда мешавад.
Ислом Зиёзода афзуд, ки умуман дар 29 иншооти ҷашнӣ корҳои ибтидоӣ шурўъ гаштаанд ва сохтмони бархе аз онҳо дар арафаи анҷомёбист.
Аз 29 банди рўйхати иншооти ҷашнӣ танҳо 4 банди он бевосита барои ободии Саразм бастагӣ дорад: сохтани меҳмонхона, дўконҳои ҳунармандон, гузоштани дарвоза ва азнавсозии роҳи автомобилгард.
Чаро аз 66 млн. 425 ҳазормаблағи барои ҷашн ҷудогардида барои таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таъриҳӣ танҳо 65 млн. 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст? Зеро бахши афзали бошишгоҳи Саразм ҳанўз ҳафриёт нашудааст. Назар ба гуфтаи коршиносони ватаниву хориҷӣ дар Саразм ёдгориҳои кашфношудаи таърихӣ зиёданд ва чандин солҳост бинобар набудани маблағ суръати ковишҳои бостоншиносӣ суст гаштааст. Оё дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнӣ корҳои пажўҳишиву тадқиқотӣ маблағгузорӣ мешаванд? Ин имкон медод, ки ба истиқболи ҷашн боз чандин пардаҳо аз асрори ин сарзамини бостонӣ бардошта шаванд. Илова бар ин, оё ЮНЕСКО, ки соли 2010 Саразмро ба Феҳристи ёдгориҳои башарӣ ворид кардааст, вобаста ба ҷашн иқдомеро пеш гирифтааст ва метавонад маблағгузорӣ кунад?
Вобаста ба ин чанд мавзўъ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Насруллои Каримзода ба мо гуфт, ки то имрўз аз 130 га масоҳати мамнўъгоҳ 18 га-и он мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтааст. Корҳои пажўҳишӣ дар ин масоҳати бузург садсолаҳо идома хоҳанд ёфт.Ҳоло дар ҳошияи ҷашн дар Саразм се гурўҳ бостоншиносон аз Русия, Фаронса ва Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд ва ҳафриёт оғоз гардида, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Академияи илмҳо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш маблағгузорӣ карда мешавад.
Насрулло Каримзода илова кард, ки ба ғайр аз 5 болопўше, ки қаблан бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафриёти Саразм сохта шуда буд, аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоятӣ бунёд ёфтани 6 болопўши дигар дар нақша гирифта шудааст.
Насрулло Каримзода гуфт, ки мо ҳуҷҷатҳои заруриро вобаста ба ҷашни Саразм таҳия намуда, ба созмони ЮНЕСКО пешниҳод кардем то ба рўйхати ҷашнвораҳои худ ворид созад. Умедворем, шояд баъд аз ба рўйхат ворид сохтан кумаку дастгирӣ намояд. Аслан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст дар такя ба буҷаи хеш ва дастгирии соҳибкорони ватандўсту миллатпарвари тоҷик сохтмони иншооти дар нақша пешбинишуда ва дигар бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашниро маблағгузорӣ кунад, - афзуд ў.
Як гурўҳ рўзноманигорон аз мамнўъгоҳи таърихии Саразм дидан кардем ва корҳои ободонӣ дар авҷ буд. Гурўхи бостоншиносони тоҷик Абдурауф Раззоқов, Саидмуроди Бостонгуҳар, донишҷўёни бахши таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишкадаҳобо сарварии директори мамнўъгоҳи Саразм Норинисо Худоёрова, ҳафриёт мегузарониданд ва корҳои омода сохтани иншооти бостоншиносӣ ба ҷашн идома дошт. Бозёфтҳои тозаеро низ кашф кардаанд. Дастовардҳои илмӣ низ зиёданд.
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва истиқболи сазовори ҷашни 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм аз ҳамаи захираю имкониятҳо самаранок истифода мебарад.
Ҳанўз оғози корҳост. Агар нақшаҳои таҳиягардидаи ҷашнӣ дар Панҷакент амалӣ шаванд, нақшу номи онҳое, ки дар ин раванд саҳм мегиранд ҷовидон хоҳад монд. Шаҳри бостонии Панҷакент бошад бо тарҳу қиёфаи наву ороста ва замонавӣ ҷилва хоҳад дод.
Ноҳиди Фозил