Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ СОЛИНАВӢ

УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ СОЛИНАВӢ

25-12-2025, 11:42
Хабарро хонданд: 50 нафар
Назарҳо: 0
УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ СОЛИНАВӢ
Соли нави мелодӣ идест, ки ҳамчун оғози як соли ҷадид дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад. Вале ҷашнгирии он дар байни ҳар як халқ хусусиятҳои хоси худро дорад.
Омодагӣ ба ҷашни Соли нав дар ҳар як оила чанд рӯз пеш оғоз мешавад. Одамон манзилҳои худро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд ва шаби Соли нав дастурхони идона меороянд.
Ҳарчанд ки имрӯз тамоми намуди маводи ғизоӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон паҳн шуда бошанд ҳам, урфу одатҳои халқҳои гуногун ба интихоби таомҳои дастурхони идона таъсири худро мерасонанд.
Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву руҳбаландӣ) ва ғайра.
Дар рӯйи мизҳои идонаи сокинони Австрия, Маҷористон ва кишварҳои нимҷазираи Балкан қариб, ки ягон таомро аз гӯшти паранда вохӯрдан мумкин нест, зеро аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад.
Дар шаби Соли нав кубагиҳо, испаниҳо ва португалиҳо бояд 12 донаи ангурро бихӯранд - 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад, зеро ангур дар ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад.
Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбиҳо ва дарозумрӣ мебошад. Дар Россия бошад, қариб ҳар як мизи идонаро кулчақандҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идонаи солинавӣ ҳатман карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбурӯғӣ, маҳсулоти қаннодии асалӣ бо шир бояд бошад.
Иди Соли навро дар Фаронса метавон ҷашни “сафедиҳо” ном бурд. Дар рӯйи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд.
Дар Лаҳистон ба мизи ҳатман бо дастурхони сафед орододашуда 13 намуди хӯрок гузошта мешавад. Истеъмоли таоми солинавӣ аз шӯрбо бо моҳӣ ё занбурӯғ сар мешавад, баъдан паси ҳам карам бо занбурӯғ, самбӯса, моҳӣ бо қайлаи ширин ва ғайра пешниҳод мешавад. Аз ҳама охир маҳсулоти қаннодӣ, шарбат ва меваҷотро ба дастурхон мегузоранд.
Дар кишвари азизи мо низ Соли нави мелодӣ ҳамчун оғози як соли ҷадид ҷашн гирифта мешавад. Омодагӣ ба ҷашнгирии Соли нав дар ҳар як оила чанд рӯз пеш аз ид сар мешавад. Мардум хонаҳои худро бо ҳар гуна ороишоти солинавӣ оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд ва мизи идона бо ҳар гуна хӯришу шириниҳо меороянд. Соли нави мелодӣ, қабл аз ҳама, барои кӯдакон хурсандибахш аст, зеро дар арафаи Соли нав онҳо дар васфи Бобои барфӣ ва Барфак шеърҳо азбар намуда, дар маҳфилҳои солинавӣ қироат мекунанд ва аз Бобои барфӣ туҳфаҳо мегиранд.

Наргис ШАМСОВА





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: