Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мардум ниёз ба филмҳои миллӣ доранд

Мардум ниёз ба филмҳои миллӣ доранд

18-05-2020, 10:57
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Мардум ниёз ба филмҳои миллӣ доранд
Соли 2017 бо мақсади рушди кинои миллӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил ёфт. Дар доираи чунин тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар, ҷиҳати рушду нумӯ бахшидан ба фаъолияти кинои миллӣ соли 2017 Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тадбиқ шуд. Дар доираи барномаи мазкур ҷиҳати рушду намӯи кино ҳамасола се миллион сомонӣ ба буҷҷети Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ворид мегардад. Аммо ин ҳама маблағ ба кадом самт равона шуда оё имрӯз фаъолияти муассисаи мазкур талаботи сокинонро бобати тамошои кинои миллӣ қонеъ месозад? Синамо, ки як воситаи хуби муаррифӣ намудани кишвар ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳисобида мешавад, масъулони киноофар то кадом андоза дар ин самт муваффақ шудаанд? Ин ва дигар саволҳое ҳастанд, ки таҳқиқ ва посух мехоҳанд.
Назаре ба таърихи тавлид ва ташаккули кинои тоҷик:
11 сентябри соли 1929 ҳазоро нафар одамон дар вокзали навбунёди Душанбе мунтазири омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанбе, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, мунзтазир буданд. Дар ҳамин лаҳзаҳот диққати мардум ба се нафар ҷавон, ки дар даст асбоби наворбардорӣ доштан ҷалб шуда буд. Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино диданд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд.
Ҳамин тавр 18 майи соли 1930 киностудияи миллӣ бо номи «Тоҷиккино» таъсис ёфт. Киностудия ҳанӯз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт, ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои кӯҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд. Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовоки ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. К. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи К. Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филм “Муҳоҷир” (соли 1934), барҷастатарин филми бадеии беовоки тоҷик маҳсуб мешавад.
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 — 70 таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ӯ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург — филми “Қисмати шоир”, тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ, филмҳои ”Коваи оҳангар” (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976) ва ғ. Ҳамзамон ба рӯи синамо овардани классикаи муосири тоҷик “Дохунда” (соли 1956), “Ҳасани аробакаш” (соли 1965 “Одам пӯсташро иваз мекунад” (соли 1978-1979) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд.
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраинаи шӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон Майрам Юсуфова, Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои «Айёми алафҳои зард» (соли 1991), «Мусофир» (соли 1989), «Братан» (ё «Бародар», соли 1991), «Ситораҳои сари танур» (соли 1991), филмҳои ҳунарии «Панҷара» (соли 1989), «Чоҳ» (соли 1991), «Хоби бедорӣ» (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони ҷадиди кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.
Синамо дар даврони Ислиқлол.
Баъди пош хӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон бо шуълавар гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Ҳамин омилҳо боис шуд, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард, яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (соли 1993) ва «Падари маҳтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), «Парвози занбӯр» (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва «Фариштаи китфи рост»-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд.
Ҳамин тариқ баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дар заминаи рушду тараққиёти рузафзуни соҳаҳои муҳим дар мамлакат диққати ҳукумати кишвар ба соҳаи кино мушоҳида шуд.
Дар ин доира бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005 Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010, тасдиқ гардид. Баъдан Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ шуд. Соли 2017 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди кинои миллӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил ёфта, худи ҳамон сол Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тадбиқ шуда дар доираи барномаи мазкур 15 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки солона ҷиҳати рушду нумӯи кино 3 миллион сомонӣ харҷ карда мешавад.
Ҷиҳати дарёти посух ба саволҳои дар боло зикр шуда аз қабилӣ:
Дастовардҳои соҳаи кино таи солҳои охир то куҷо назар ҳастанд?
Чаро имрӯз синамогарони тоҷик талаботи сокинонро бобати филмҳои миллӣ қанеъ сохта наметавонанд?
Аслан маблағҳои дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ҷудомешуда, ба кадом корҳои сарф мегарданд?
Оё имрӯз киноҳои ба наворгирифташуда ва ба наворгиранда метавонанд харҷи дар доираи он масрафшудро пӯшонанд? Бо ин ва чандин саволҳои дигар муроҷиат намудем ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Тобил Раҳматуллоев Муовини директори муассисаи мазкур дар суҳбат бо мо гуфт: “Замоне, яъне то ба ташкили Муассисаи алоҳида буҷҷети соҳавии кино, танҳо ба маоши кормандон басандагӣ мекарду халос, аммо имрӯз дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 15 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ба як сол 3 миллион сомонӣ рост меояд. Албатта, ин маблағ дар шароити ҳозира талаботи моро қонеъ мегардонад. Имрӯзҳо самти фаъолияти аслии мо, таъмири биноҳо харидории техникаи замонавӣ ва дар мадди аввал ба навор гирифтани филмҳои миллӣ мебошад, ки дар ин доира як қатор корҳо ба сомон расонида шуд”.
Номбурда дар суҳбат аз мушкилоти аслии имрӯзаи соҳа ёдовари намуда гуфт: Мушкилоти асосии соҳа набудани кинотеатр дар шаҳру навоҳии мамлакат дониста мешавад. Аз ҷумла дар маркази вилоятҳои кишвар, шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ва ғ. Сабаби асосии ба омма муаррифи нашудани филмҳои истеҳсолнамудаи “Тоҷикфилм” ин набудани кинотеатрҳо мебошад. Ба ҳамин хотир мо тадбирҳои амалие дар доираи Барномаи рушди кинои точик барои солҳои 2018-2022 рӯи даст гирифтем, ки он ҳам таъмиру тармими кинотеатрҳои боқимонда мебошад.
Соли сипаришда синамогарони қазоқ хабареро аз бардошти филми нави бадеие, ки дар бораи ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад расонаӣ намӯданд. Мувофиқ ба иттилооти дастрас филм “Казбат” номгузорӣ шуда, ҳодисаҳои соли 1995 дар дараи Пшихарви воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз муқовиматҳои ротаи ҳафтуми қазоқӣ қисса мекунад. Дар ҳоле синамогарони хориҷӣ аз ходисоти хунини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон филмбардорӣ менамоянд, ки ин таърихи хунин ҷони 150 ҳазор тоҷикистониро аз миён бурда буду, чаро синамогарони тоҷик дар ин масъалаҳо таваҷҷӯҳи кам дорад? Ин саволе буд, ки аз Тоби Раҳматуллоев пурсон шудем:
“Ман вобаста ба филми ба навор гирифтаи синоамогарони қазоқ дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маълумот надорам, аммо ба он масъала ки дар ин самт синамогарони мо бетаваҷҷуҳанд куллан розӣ нестам, чун синамогарони тоҷик низ соли 2006 дар ин самт киное бо номи «Марги бегуноҳ» рӯи навор оварндан ва ин воқеан ҳам ба ҷомеа таъсири худро гузошта тавонист. Аслан мо имрӯз кушиш дорем аз дастовардҳо қисса кунем. Чун ба он давраи хунин бар гаштани мо метавонад ба тафаккури насли наврасу ҷавони кишвар таъсири манфии худро гузорад. Асан мо намехоҳем он саҳифаи хунини таърихии худро дубора фарақ занем.
Ин гуфтаҳои ҳамсуҳбати мо дар ҳолест, ки ба назари муҳақиқон бардошти филмҳои хуби ҳуҷҷатӣ метавонад воқеияти он ҳодисаҳои хунинро баҳри тамошобин нишон диҳад ва ҳақиқатро аз ботил намоиш диҳад, то он саҳифаи таърихӣ баҳри наслҳои оянда дарси ибрате гардад.
Ба назари аксар қишрҳои ҷомеа кинои тоҷик ба якгарангӣ рӯ овардаст, ки он ҳам қисса намудан аз ҳаёти сахту сангини мардуми деҳот мебошад. Аммо Т. Раҳматуллоев ин ҳама гуфтаҳоро беасос мешуморад:
“Бале воқеан ҳам ҳастанд чунин филмҳо, вале мардум бояд дарк намоянд, ки на ҳама филмҳои миллӣ истеҳсоли МД “Тоҷикфилм” мебошанд. Имрӯз шумораи студяҳое, ки бо иҷозатнома ба филмсозӣ сару кор дорад зиёданд, шояд барои онҳо сифати кор муҳим набошад, балки тиҷорат баҳри чунин гурӯҳҳо авлавият дорад.
Иҷозати филмбардорӣ ба студяҳои шахсӣ дар салоҳияти мо нест, ин масъулият бар зиммаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Мо аслан мувофиқи оиннома бояд сифати киноҳои рӯи навор овардаи студяҳои шахсиро таҳти назорат дошта бошем, аммо мо имрӯз намояндагиҳои худро дар тамоми гушаи кишвар ташкил намудаем. Ва мо кушишхо карда истодаем, то филмҳои бемазмун ва хоси фарҳанги тоҷик набударо аз муомилот боздорем”.
Воқеан ҳам имрӯзҳо дар марказҳои фиттафурӯшии кишвар филмҳои пастсифати истеҳсоли студяҳои худкор хеле зиёд дида мешавад, ки бе мамоният дар муомилот ҳастанд. Филм муаррифгари фарҳанги миллӣ ва қиссакунанда аз ҳаёти рузафзуни аҷомеа дониста мешавад. дар ин сурат ҷилавгирӣ накардан аз бардошти чунин филмҳо ва ҳатто пешгири накардани муомилоти ба қавле киноҳои бесифати миллӣ метавонад ба шаъну шарафи дар умум миллат хисорот дорид созад.
Дар замони имрӯз филм дар баробари ҷанбаи тиҷоратӣ доштанаш, ҳамзамон метавонад хислатҳои ифротгароиву бегонапарсиро низ миёни ҷомеа ба вуҷуд оварад. Имрӯзҳо гумон меравад аксар оилаҳои тоҷик мотеъи филмҳои туркӣ гаштаанд. Ҳатто ҳолатҳое низ ба мушоҳида расиданд, ки қишри наврасу ҷавон ҳатто хоси фарҳанги туркӣ салом доданро ба худ шараф меҳисобанд. То куҷо имрӯз филмҳои аз хориҷ воридмешуда назорат мешаванд? Саволи навбатиест, ки посух мехоҳад.
Т. Раҳматуллоев: “Аслан иҷозати ба муомилот гузоштани филмҳои хориҷӣ таҳти салоҳияти муасисаи мо аст, аммо имрӯз студяҳо худсарона ба тарҷума ва фуруши чунин филмҳо бахусус киноҳои туркӣ машғул ҳастанд. Аммо то ба ҳол механизми дурусти назорати филмҳои хориҷӣ дар муассисаи «Тоҷикфилм» тартиб дода нашудааст. Мо дар соли 2019 дар саросари мамлакат зиёда аз 20-ҳазор фиттаҳои филмҳои ғайриқобили қабулро аз муомилот зардоштем. Мушкил сари он аст, ки ин ва дигар нуқсонҳои дар соҳа вуҷуддошта то ба он дараҷа реша давондааст, ки халлу фасли он вақтро талаб менамоеяд. Мо бобати аз байн бурдани ин ва дигар проблемаҳо кушиш карда истода астодаем”.
Воқеан ҳам имрӯзҳо ба зиммаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» вазифаҳои ҷиддие вогузор шудааст, ки ин идораи навтаъсис то ба ҳол бобати қавӣ сохтани салоҳиятҳои худ тадбирандешӣ менамояд. Дар ҳоле, ки имрӯз кишварҳои абарқудрат аз тамоми имконот истифода менамояд, ки сиёсати худро миёни ҷомеаҳои рӯ ба тараққӣ пиёда созанд ва ҳатто шояд аз филмҳо низ истифода менамоянд. Имрӯз чораандешӣ намудан сари масъалаи назорати филмҳои аз хориҷ воридшаванда ва қонеъ схтани талаботи сокинон аз филмҳои миллӣ талаби вақт аст.
Суғдмеҳри Маъруфзод.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: