Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тавофуқи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Яке президент, дигаре раиси Шӯрои олии сулҳ шуд

Тавофуқи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Яке президент, дигаре раиси Шӯрои олии сулҳ шуд

18-05-2020, 10:22
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Тавофуқи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Яке президент, дигаре раиси Шӯрои олии сулҳ шудАшраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, тавофуқномаи сиёсиеро имзо карданд.

Бар асоси он, доктор Абдуллоҳ раёсати Шӯрои олии сулҳро ба уҳда мегирад. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар "Твиттер" хабар дод.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки қаблан бар пояи қарордоде бо миёнҷигарии Амрико дар давлати Ғанӣ раиси иҷроияи ҳукумат буд, аз қабули натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи сентябри соли гузашта сарпечӣ кард.

Гуфта мешавад, ин интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд ва ширкати нокофии ройдиҳандагон ҷараён ёфтааст, аммо Ғанӣ онро қонунӣ шумурд.

Пас аз таъхири зиёд комиссияи интихоботии Афғонистон моҳи декабри соли 2019 эълон кард, ки Ғанӣ дар интихобот баранда шудааст ва чизе бештар аз 50 дарсад овоз гирифтааст, ки зарурати даври дувумро аз байн мебарад. Ин ниҳод гуфтааст, ки 39 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Абдуллоҳ рой додаанд.

Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро эътироф накард ва худро президент эълон намуд, дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пирӯзии Ғаниро пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: