Шумори паноҳҷӯёни, ки ба Юнон мераванд, коҳиш ёфтааст20-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Идораи марзҳои Аврупо гуфтааст, ки шумори паноҳҷӯёни, ки мохи апрел вориди Юнон шудаанд, нисбат ба моҳҳои пеш аз он 90- дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ин идора, шумори паноҳҷӯёне, ки соли гузашта дар ҷараёни як рӯз ба Юнон расида буданд, бештар аз афроде аст, ки дар як мохи соли равон ба ин кишвар рафтаанд. Ин созмон гуфтаст, ки то ба ҳол дар соли равон 187 ҳазор ва 920 муҳоҷир ва паноҳҷӯ аз роҳи обӣ ба Аврупо расидаанд, ки аз ин миён 155 ҳазору 765 нафари онҳо ба Юнон ва 31 ҳазору 252 тани онҳо ба Италия расидаанд. Аммо дар моҳи апрели соли равони мелодӣ 9- ҳазору 149 паноҳҷӯ ба Италия расидаанд, ки се баробар нисбат ба моҳи пешин зиёд аст. Афғонистон ва Чин шаш санади ҳамкориҳои дуҷонибаро имзо кард. Як ҳайати ҳукумати Афғонистон ба раҳбари Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷрояи кишвар дар як сафари расмӣ ба Чин шаш санади ҳамкориҳои дуҷонибаро бо мақомҳои ин кишвар имзо карданд. Бар бунёди як хабарнома, ки аз сӯйи раёсати иҷроя ба нашр расид, ин санадҳо дар шаш бахши мухталиф дар ҳузури мақомҳои ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.