Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИДОМАИ КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА БА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

ИДОМАИ КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА БА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

16-05-2020, 21:41
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
ИДОМАИ КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА БА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Имрӯз дар кишвари азизамон расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯрию суҳбатҳояшон дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон, барҷомондагон, одамони яккаву танҳо ва дигар оилаҳои ниёзмандро яке аз амалҳои хайру савоб арзёбӣ намуда, шахсони хайрхоҳ, соҳибкорон ва дигар одамонеро, ки имкони расонидани ёрӣ ба дигаронро доранд, ба иҷрои корҳои хайру савоб даъват менамояд.
Дар пайравӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат фаъолони ҲХДТ бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша имрӯзҳо барои дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ корҳои хайру савобро ба анҷом расонида истодаанд.
Дар ин замина, санаи 16 майи соли 2020 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод”-раиси Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор Эраҷ Турдиев бо ҷалби фаъолони ҳизб, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи диёрамон ба зиёда аз 40 оилаҳои ниёзманд маводҳои хӯрока аз қабили 2 тонна орд ва 200 литр равған расонида шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби фаъолони ҳизб ҳамарӯза идома дошта, дар оянда низ расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ба ятимон, барҷомондагон, одамони яккаву танҳо ва дигар оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ карда мешаванд.ИДОМАИ КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА БА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: