Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

15-05-2020, 11:04
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОРДар асоси дастуру ҳидоятҳои раиятпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи мубораки Рамазон ва махсусан дар ин рӯзҳои басо мушкил, ки кишвари азизамонро бемории сироятии коронавирус COVID-19 таҳдид мекунад, кӯмакҳои хайрхоҳонаи фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманду камбизоат расонида шуда истодааст.
Воқеан, дастгирии ниёзмандон ва расонидани кӯмак ба онҳо яке аз ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба ҳукми анъана даромадааст.КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Дар ин замина, санаи 13 майи соли 2020 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоиии ҳизбии “Ҳисори Шодмон” – Раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Аловиддинов Абдушукур бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи диёрамон, махсусан соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоев Муродулло Кароматович ба 53 нафар оилаҳои камбизоату ниёзманд ба ҳар як оила ба маблағи 400 сомонӣ, ки дар маҷмуъ 21200 сомониро ташкил медиҳад, расонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби як марди саховатпеша, ки номашро махфи донист ба 140 нафар табибону кормандон ва беморони Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор, ки имрӯзҳо бо бемории сироятии каронавирус COVID-19 мубориза мебаранд, хӯроки гарми яквақтаина ташкил карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби Назиров Шерзод ба сокинони маҳаллаи Омӯзгор 300 кг гӯшт ва аз ҷониби Султонов Зафар ба 5 оилаҳои ниёзманди ҳудуди шаҳр маводҳои хӯрока аз қабили орду равған расонида шуд.КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Бояд қайд кард, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби фаъолони ҳизб ҳамарӯза идома дошта, дар оянда низ расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ба оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: