Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

8-05-2020, 18:43
Хабарро хонданд: 383 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Федератсияи Россия ва мардуми бародари русро бо солгарди 75-уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба кишвари дӯст барору комёбӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки ин ғалаба бо шарофати муттаҳидӣ ва шуҷоати тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад.

“Рӯзи Ғалаба — иди муштараку мунаввари мост ва он барои қалбҳову ёдҳо пурарзиш мебошад” — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки падарону бобоёни мо бо қаҳрамонии бемисл ва меҳнати зарбдори худ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ бароямон ҳисси доимии ифтихор, зиндагии пурсаодатро муҳайё карда, ба наслҳои оянда сулҳу озодиро фароҳам сохтанд.

Қаҳрамонию ҷоннисории пуршарафи онҳо ҳамеша дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ барои рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Россия хизмат хоҳад кард.

Дар рафти суҳбати самимӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия ҳамчунин як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Роҳбари кишвари Россияро бо Рӯзи Ғалаба таҳният гуфта, барояшон саломатию комёбӣ орзу карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: