Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Reuters: ИМА мехоҳад, бидуни Русия, розигии байналхалқиро барои истихроҷи маъданҳои Моҳтоб ба даст орад

Reuters: ИМА мехоҳад, бидуни Русия, розигии байналхалқиро барои истихроҷи маъданҳои Моҳтоб ба даст орад

7-05-2020, 21:58
Хабарро хонданд: 587 нафар
Назарҳо: 0
Reuters: ИМА мехоҳад, бидуни Русия, розигии байналхалқиро барои истихроҷи маъданҳои Моҳтоб ба даст орад
ИМА дар талоши таҳияи тарҳи созишномаи байналхалқии истихроҷи захираҳои Моҳтоб аст. Русия дар номгӯи ширкатдорони созишнома нест, иттилоъ медиҳад хабаргузории Reuters.

Ҳуҷҷат унвони "Созишномаи Артемидҳо"-ро гирифтааст. Бар асоси ин ҳуҷҷат, таъсиси "минтақаи амн" атрофи пойгоҳи истихроҷи канданиҳои фоиданоки Моҳтоб пешбинӣ шудааст. Таъсиси ин гуна минтақа бо ҳадафи пешгирӣ аз дахолати кишварҳо ва ё ширкатҳои рақиб дар назар дошта шудааст.

Созишнома ҳамчунин коркарди чаҳорчӯби ҳуқуқиеро пешбинӣ мекунад, ки ҳуқуқи ширкатҳоро ба соҳибии канданиҳои Моҳтоб таъмин намояд, менависад хабаргузорӣ.

Як манбаи хабаргузорӣ аз ҳукумати Трамп гуфтааст, ИМА ба хулоса расид, ки созишномаро мустақилона таҳия кунад ва ояндаи истихроҷи канданиҳои Моҳтобро бо СММ муҳокима нанамояд. ИМА тасмим дорад, ки дар ҳафтаҳои наздик созишномаро ба кишварҳои шарикаш муаррифӣ кунад. Миёни кишварҳои шарики ИМА Канада, Ҷопон, АМА ва давлатҳои аврупоӣ ҳастанд. Русия, шарики асосии NASA дар Пойгоҳи байналхалқии ҳавоӣ, дар марҳилаи кунунӣ ба созишнома ҷалб нахоҳад шуд. Зеро ИМА рафтори неруҳои Русияро дар фазои наздики замин нисбати моҳвораҳои иктишофии Амрико душманона баҳо медиҳад.

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 6 апрел фармонеро имзо кард, ки бар асоси он, истихроҷи захираҳои Моҳтоб, Муштарӣ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ ҳаққи Иёлоти Мутаҳҳида шуморида мешавад. "Роскосмос"-и Русия ин фармонро "нақшаи хашини ғасби амалии ҳудудҳои сайёраҳои дигар" унвон кард.

Моҳтоб ҳамчун мероси тамоми башарият дар созишнома "Дар бораи фаъолияти давлатҳо дар Моҳтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ" дарҷ ёфтааст. Созишномаи мазкур дар соли 1979 аз сӯи СММ қабул шуд, ки онро 18 кишвар эътироф карданд, ки Русияву ИМА дар шумули онҳо нестанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: