Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аъзои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт ба созиш расиданд

Аъзои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт ба созиш расиданд

13-04-2020, 11:31
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Аъзои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт ба созиш расидандГуруҳи ОПЕК+ хабар дод, ки дар робита ба коҳиши истихроҷи нафт то ба 9,7 миллион бушка дар рӯз миёни кишварҳои узв созиш ҳосил шуд. Ин маҳдудият бояд дар моҳҳои май ва июни соли равон риоя карда шавад.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, гуфтугӯи чаҳоррӯзаи гуруҳи мазкур зери фишори президенти ИМА Доналд Трамп баргузор шуд, ки ба қатъи поинравии нархи нафт дар ҷаҳон исрор мекард.

Дар доираи ин созиш, кишварҳо истихроҷи нафтро назар ба ҳаҷми истихроҷшуда дар давраи буҳрони соли 2008 чаҳор баробар кам хоҳанд кард, ки дар таърихи коркарди нафт бори нахуст шумурда мешавад.

"Созиши бузурги нафтӣ бо ОПЕК+ ҳосил шуд. Он ба ҳифзи садҳо ҳазор ҷои корӣ дар бахши энергетикаи ИМА мусоидат менамояд", - навишт Трамп дар Твиттер бо изҳори миннатдорӣ ба президенти Русия Владимир Путин ва шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон барои созиш.

Хабаргузории русии ТАСС навишт, ки ОПЕК+ дар ҷаласаи изтирории 12 апрел барои коҳиши истихроҷи нафт дар 23 кишвар ба созиш расид. Вале ҳаҷми коҳишёфтаи истихроҷи нафт на 10 млн бушка, балки 9,7 млн бушка дар рӯз аст. Зеро Мексика мавқеи худро тағйир надод ва аз созиш барои коҳиши 400 ҳазор бушка дар рӯз худдорӣ кард.

Вазири нафти Эрон Бежан Номдор гуфт, "Мексика истихроҷи нафтро бояд 100 ҳазор бушка кам кунад ва коҳиши 300 ҳазор бушкаи дигарро ИМА ба ҷои Мексика ваъда додааст".

Ҷаласаи видеоии навбатии ОПЕК+ 10 июни соли 2020 баргузор мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: