“Солимии ҷомеа - пойдории миллат”
6-05-2020, 14:14. Разместил: orifi

Субҳи имрўз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати пешгирӣ аз пайдоиши сирояти нави коронавирус “Сovid -2019” аксияи умумишаҳрии “Солимии ҷомеа – пойдории миллат”- ро доир намуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” варақаҳои таблиғотӣ, ниқобҳои муҳофизаткунанда ва муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо усулҳои “хона ба хона”, “кўча ба кўча” ва “рў ба рў” миёни сокинони пойтахт дар назди бозори Султони Кабири ноҳияи Фирдавсӣ тақсим намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки чунин иқдом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Вернуться назад