Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ ТАЛОШИ БЕШТАР МЕБОЯД

БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ ТАЛОШИ БЕШТАР МЕБОЯД

23-04-2020, 09:14
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
БАРОИ ТАЪМИНИ  АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ ТАЛОШИ БЕШТАР МЕБОЯД
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор меравад. Барои комёб шудан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама, Вазорати кишоварзии мамлакат, кишоварзону деҳқонони асил ва олимони ҷумҳурӣ масъулияти баланд дар пеш доранд. Бояд қайд намуд, ки сол аз сол аҳолии кураи Замин меафзояд. Бо мақсади таъмини одамон бо чунин ресурсҳои зарурӣ, аз қабили оби нӯшокӣ, маводи ғизоӣ, муҳити тозаи зист ва ғайра мушкилиҳои зиёдеро пеш овардааст. Ба болои ин, мутаассифона, боз ба сари инсоният як мубталои дигар –бемории короновирус пайдо гардид, ки он вазъияти иқтисодии тамоми дунёро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ намудааст. Ин мушкилот зарурияти ҷустуҷӯ намудани роҳҳои ҳалро тақозо дорад. Дар кишварамон ба деҳқонон ва кишоварзон пеш аз ҳама, зарур аст, ки минбаъд роҳҳои ҳарчӣ бештар истеҳсоли маводҳои хӯрока ва ғизоиро бояд дар амал ҷорӣ намуда, махсусан, бояд усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии тамоми зироатҳои кишоварзиро андеша намоянд. Пеш аз ҳама, кишти зироатҳои ғалладонагиҳоро дар саросари заминҳои обию лалмӣ, дар байни дарахтони мевадиҳанда, дар боғоти интенсивӣ ва дар дигар мавзеъҳои кишвар бояд ба роҳ монд. Аз тарафи дигар, дар заминҳои обӣ бошад, роҳҳои аз як гектар ба даст овардани ду ва се ҳосилро ба даст овардан зарурияти амалиро тақозо дорад. Бахусус, дар водиҳои Вахшу Кӯлоб, Ҳисору вилояти Суғд баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо кишти такрории сабзавотиҳо, картошка, полезиҳо, лубиёгиҳо, ҷуворимакка, офтобпараст, мош ва дигар зироатҳоро аз ҳоло месазад дар нақша дошта бошем. Инчунин, барои сарфи об дар он ҷое, ки имкониятҳо ҳастанд, усули инноватсионии қатрагӣ ҳаматарафа бояд ҷорӣ карда шавад. Ин махсусан, дар заминҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ боиси сарфаи об ва эмин нигоҳ доштани замин аз таназзулёбӣ (эрозияи обии хок) кумаки калон расонида, баҳри ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Усули обмонии «шарбатоб», махсусан дар заминҳои камҳосилу сангдори вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои кишварамон яке аз роҳҳои асосии самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва ҳосилхез гаштани хок ба шумор меравад. Ба масъалаи киштгардон ва ҷорӣ намудани кишти омехтаи зироатҳо, аз қабили ҷуворимаккаю офтобпараст, топинамбӯру ҷуворимакка, офтобпарсату топинамбӯр, махсусан, дар заминҳои серсангу серрег ва бернун аз заминҳои обии корам, яке аз роҳҳои ба даст овардани ҳаҷми зиёди баргу поя барои чорво усули нави инноватсионӣ ба шумор меравад. Чунин таҷрибаҳои гузаронидаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар водии Ҳисор инро хуб собит намуд ва ин имконияти то 70-80 тонна/га баргу пояи сабзро аз кишти омехтаи топинамбӯру офтобпараст ва ҷуворимакка ба даст овардан мумкин аст. Яъне дар заминҳои сангдор бояд парвариши ду ё се зироат (топинамбӯр, ҷуворимакка, офтобпарсту ҷугорӣ) имконияти васеи ба даст овардани массаи баргу пояи сабз ва лундаҳои топинамбӯрро пеш меорад. Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки лундаҳои топинамбӯр, аз сабаби дар таркибашон доштани қариб 20 номгӯйи микроэлементҳо беҳтарин мавод барои тақвияти иммунитети организми одам ва паст намудани қанд дар хун ба шумор мераванд. Чи тавре ки олимон собит намудаанд, яке аз роҳҳои асосии гирифтор нагаштани организми одам ба короновирус ин тақвият бахшидан аз иммунитети организм вобастагии калон дорад.
Чизи дигаре, ки ба деҳқонон ниҳоят зарур аст, ин ҳарчӣ дар истеҳсолот ҷорӣ намудани кишти зироатҳои лубиёгиҳоро ҳам дар минтақаи водӣ (дар кишти такрорӣ) ва ҳам дар кӯҳистон бояд ба роҳ монд. Дар водии Рашт, ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат бошад, ки акнун вақти кишти картошка фаро расидааст, мо таҷрибаи кишти омехтаи картошкаро бо зироатҳои лубиёгӣ ва дар охири қаторҳо ва паҳлуи заминҳо кишти кадуро тавсия медиҳем. Ин таҷрибаи деҳқонӣ дар саросари картошкатазори минтақаи кӯҳистон боиси аз замин бардоштани ду ҳосил ва тавассути кишти лубиёгиҳо ҳосилхезии заминро нигоҳ доштан имконияти хуб фароҳам меоварад. Ба деҳқонони кишварамон тавсия медиҳем, ки аз поруҳои органикӣ, аз коҳмондаҳо ва хокистар дар вақти кишти картошка бештар истифода баранд. Дар ҳар гектари картошказор пошидани 10-15 тонна поруҳои органикӣ, инчунин, 1-2 тонна хокистар боиси ба даст овардани ҳосили баланди картошка ва дигар зироатҳо мегардад. Набояд фаромӯш намуд, ки ба муқобили ҳашароту зарарасонҳо аз маводҳои табиӣ, аз қабили маҳлули обии талха (тхалч), қаламфур, чеснок, пиёз, баргҳои чормағзу топинамбӯр ва ғайраҳо метавон васеъ истифода намуд.
кишоварзон минбаъд дар баробари тухмиҳои аз берун воридшуда, бояд ба парваришу тухмии навъҳои маҳаллии ватанӣ эътибор диҳанд. Чунки чи тавре дар урфият мегӯянд: «Дар худат нест, дар олам нест», яъне бояд ба тухмии ватанӣ, ба меваи ватанӣ, ба захираҳои табиии ватани биҳиштосоямон мо бояд бештару бештар такя намоем. Нагузорем, ки як ваҷаб замини кишвари маҳбубамон бе самар монад!
Аз ин пайёмадҳои номатлуби дунё ва табиат набояд ҳаросид, дилхаста набояд гашт ва тамоми неруи истеҳсолиро баҳри сари вақт гузаронидани мавсими кишту кор ва дигар чорабиниҳои зарурии агротехникиро дар саросари кишвари азизамон бояд пурзӯр намуд, чунки сарзамин Тоҷикистон пурфайзтарин мулки дунёст ва деҳқони тоҷик пурсаховаттарин деҳқон аст! Бо деҳқони меҳнатқарини кишвар мардуми тоҷик фахр дорад.
Як чизи дигарро мехоҳам ёдовар шавам, ки барф ва боронҳои рӯзҳои охир аз моҳияту файзашон холӣ нестанд. Дар натиҷаи ин, дар кишвар, махсусан, дар заминҳои кӯҳистону водӣ намии хок ғанӣ гардида, дар пурфайз гаштани хоку замини диёрамон имконияти хуб пеш оварданд. Ва барфу хунукӣ, инчунин, боиси нобуд гаштани ҳашароту зараррасонҳои наботот гардид, ки ин ҳам ба фоида кишоварзони кишвар аст. Умедворем, ки деҳқони тоҷик аз ин рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар ғанӣ гаштани ризқу рӯзии мардум кӯшиши бештар ба харҷ хоҳанд дод.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, мудири озмоишгоҳи генетика
ва селексияи растаниҳо, Институти ботаника, физиология ва
генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: