Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маълумоти муҳим дар бораи топинамбур

Маълумоти муҳим дар бораи топинамбур

26-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Маълумоти муҳим дар бораи топинамбурОлимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қ. Партоев, Ш.М Ясинов, Н.Х. Сайдалиев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро дар мавзӯи «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расонидаанд.

Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон аст - топинамбур (ноки заминӣ - Helianthus tuberosus l.) маълумоти заруриро ба хонандагон пешкаш менамоянд. Дар китоб роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодаи маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва дӯстдорони ин растании фоиданок пешкаш шудааст.

Махсусан, натиҷаҳои илмие, ки бо роҳи гузаронидани кишти омехтаи топинамбур, ҷуворимакка ва офтобпараст, ки боиси то ба 270 т/га расидани ҳосили баргу пояи сабзи зироатҳо, зиёд гаштани маҳсулнокии шири чорвои ширдеҳ аз истифодаи чунин хӯрока ва серҳосил будани навъи нави топинамбур - “Сарват”, инчунин дар кишварамон ҷамъоварӣ намудани бештар аз 20 навъи серҳосили топинамбур ва дигар натиҷаҳои илмие, ки дар китоб дарҷ гаштанд, барои кишоварзон хело муҳим хоҳанд буд.
Маъруфи БОБОРАҶАБ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: