Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон6-09-2018, 09:37
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
06.09.2018 09:34, ноҳияи Ёвон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана боздид намуданд. Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳия, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ, навъҳои гуногуни пахта ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ноҳияи Ёвон маҷмуан дорои беш аз 25 ҳазор гектар заминҳои корам буда, 22 ҳазору 142 гектарро заминҳои обӣ ва боқимондаро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди ноҳия ба 4 ҳазору 443 адад расида, 2 ҳазору 620-тои он дар самти кишту кори пахта фаъолият мекунанд. Аз масоҳати умумии 25 ҳазору 142 гектар заминҳои корам 6 ҳазору 969 гектарро зироати донагӣ, 1017 гектарро полезӣ, 2015 гектарро сабзавот, 11 ҳазору 500 гектарро кишти пахта ва боқимондаро кишти дигар навъи зироат ташкил менамояд. Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хос ба соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намунаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ соҳаи кишоварзиро яке аз самтҳои муҳим дар такон бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва омили расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод карда, заҳмати кишоварзони ноҳияро шоистаи таҳсин гуфтанд ва ба онҳо барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироат ва ба даст овардани ҳосили фаровон маслиҳатҳои муфид доданд. Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» шинос шуданд. Хоҷагии мазкур соли 2003 таъсис ёфта, дар он заминҳои кишт маҷмуан 13 гектарро ташкил медиҳанд. Хоҷагии мазкур баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, инчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон саҳми назаррас дорад. Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» 25 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо маоши хуб таъминанд. Масъулин нақша доранд, ки бо васеъ намудани майдони кишт ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, шумораи коргаронро низ бештар намоянд. Ҳоло дар хоҷагӣ 7,5 гектар кишти пахта, 1,3 гектар кишти сабзавот ва 4,2 гектар хӯроки чорво, аз қабили юнучқа кишт карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асил ва роҳбарияти ноҳияро ба афзун кардани нишондиҳандаҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишти пахта ҳидоят намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.