Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар як ташхис оид ба сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад

Ҳар як ташхис оид ба сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад

21-04-2020, 09:48
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар як ташхис оид ба сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад
«Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ менамоянд. Сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобӯ мебошанд. Зеро ин мутахассисон курсҳои махсуси омӯзиширо дар хориҷ аз мамлакат азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440 адади онҳо такрорӣ мебошанд. Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар мамлакат бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуданд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда буд, ки натиҷаашон манфӣ баромад».

Ин суханони роҳбари намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ дар Тоҷикистон Галина Перфилйева мебошанд, ки зимни семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коронавирус, ки 17-18 апрел дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ доир гардид, садо доданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, семинарии мазкур бо ташаббуси маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хабарнигорон вобаста ба пешгирии коронавирус ва чӣ гуна амал намудани онҳо дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур дар Тоҷикистон доир гардид.

Галина Перфилйева иброз намуд, ки ТУТ дар Тоҷикистон ба дақиқии ин ташхисҳо итминон дорад, зеро тестҳое, ки барои ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо мавриди амал қарор дода шудаанд. Тестҳо барои ташхиси коронавирус танҳо ба он нафароне гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ягон нишонаи ин беморӣ, ба монанди таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, дарди гулӯ ва ғайра ба мушоҳида расанд.

«Мо ҳамарӯза бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мустаҳкам роҳандозӣ намуда, пайваста дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дигар давлатҳо телеконфронсҳо баргузор менамоем»-, афзуд роҳбари Намояндагии доимии Бюрои аврупоии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Галина Перфилйева аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки «ягон давлати олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд. Аз ин рӯ рӯзноманигоронро зарур аст, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводеро омода намоянд, ки дорои рақаму далелҳои воқеӣ буда, мардумро ба пешгирии сирояти коронавирус ҳидоят созанд».

«Агар СOVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад, дар ин сурат ТУТ ва шарикони рушд ба ҷумҳурӣ барои мубориза бо он ва табобати гирифторон кумаки зиёд мерасонанд»,-афзуд Галина Перфилйева.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: