Садри аъзами Олмон Ангела Меркел коҳиши тадриҷии маҳдудиятҳоеро эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ шуда буданд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳафтаи оянда фурӯшгоҳҳои дорои то 800 метри мураббаъ метавонанд, фаъолияти худро аз сар гиранд. Ҳамчунин фурӯшгоҳҳои мошину китоб, новобаста аз масоҳаташон, метавонанд, дарҳои худро дубора боз ва осорхона, китобхона, бойгонӣ, боғи ҳайвонот ва боғҳо ҳаққи иҷозати фаъолият дарёфт хоҳанд кард.
Вале бештари маҳдудиятҳо дасти кам то 3 май боқӣ мемонанд. Меркел тавсия дод, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ пӯшида шавад.
Дар Олмон аз 4 май мактабу сартарошхонаҳо низ метавонанд, фаъолияти худро аз сар гиранд. Вале чорабиниҳои бузурги ҷамъиятӣ ва динӣ то охирҳои моҳи август баргузор карда нахоҳанд шуд. Тарабхона, толорҳои консерт ва кинотеатрҳо баста боқӣ мемонанд.
Дар ҳоли ҳозир тақрибан 127,5 ҳазор сокини Олмон ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 3200 кас ҷон бохтааст.