Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Доналд Трамп: "Қудрати президенти ИМА мутлақ аст"

Доналд Трамп: "Қудрати президенти ИМА мутлақ аст"

15-04-2020, 13:22
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Доналд Трамп: "Қудрати президенти ИМА мутлақ аст"Губернатори иёлати Ню-Йорк Эндрю Куомо рӯзи сешанбе гуфт, омодааст зидди ҳама гуна қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи аз саргирии фаъолиятҳои иқтисодӣ дар давраи паҳншавии коронавирус, ки ба саломатии сокинони ин иёлат хатар дорад, ба додгоҳ шикоят барад.

Куомо дар суҳбат бо CNN гуфт, баҳси конститутсионии иёлат ва ҳукумати федеролӣ метавонад додгоҳӣ шавад. "Ин бадтарин коре аст, ки президент метавонад бо пайравӣ аз шеваҳои худкомагӣ анҷом диҳад", - изҳор дошт Эндрю Куомо.

Доналд Трамп рӯзи душанбе дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Кохи сафед гуфт, "иёлатҳо наметавонанд бидуни таъйиди президент кореро анҷом диҳанд. Ӯ бо истинод ба Конститутсияи ИМА афзуд, ки "вақте нафаре президенти ИМА аст, қудрати ӯ мутлақ аст".

Норозигии худро ба ин гуфтаҳои Трамп ду сенатори машҳури ҷумҳурихоҳ низ баён доштанд. Сенатор аз иёлати Вайоминг Лиз Чейнӣ дар Твиттер навишт, ки "ҳукумати федеролӣ қудрати мутлақ надорад". Сенатор аз Флорида Марко Рубио ҳам дар Твиттер навишт: "Тавсияҳои федеролии Маркази назорату пешгирӣ аз бемориҳо ва Кохи сафед аҳамияти бузург доранд, вале Конститутсия ва ақли солим мегӯянд, ин гуна қарорҳо бояд дар сатҳи иёлатҳо гирифта шавад".
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: