Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мағозаҳои Туркманистон хариди ғайринақдиро маҳдуд карданд

Мағозаҳои Туркманистон хариди ғайринақдиро маҳдуд карданд

30-03-2020, 09:33
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
 Мағозаҳои Туркманистон хариди ғайринақдиро маҳдуд кардандМағозаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хариди ғайринақдӣ маҳдудият ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи сокинон, маҳдудият аз 28 март ҷорӣ шудааст.
Бонки марказии Туркманистон қурби 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст.
Бино ба қарори вазорати тиҷорати Туркманистон, байни хариди аввал ва харидҳои баъдӣ 48 соат фосила таъйин шудааст. Як муштарӣ дар сурати аз мағозаи давлатӣ харид кардан бояд на камтар аз 48 мунтазир шавад ва баъдан хариди дувумро анҷом диҳад.
Ба ҷуз ин, бино бар тартиботи нав, аъзои оила ҳақ надоранд, ки харидҳои якдигарро пардозанд. Ҳар узви оила бояд бо корти худ харидашро пардохт кунад.
Ба гуфтаи сокинон, айни ҳол дар мағозаҳои давлатии Туркманистон барои хариди нон, орд, равған, тухм ва гӯшти мурғ навбатпоӣ мушоҳида мешавад. Ин навъи маҳсулот бо меъёр ва дар соатҳои муайян фурӯхта мешавад.
Дар мағозаҳои хусусӣ нархи маҳсулот нисбатан баланд аст ва ба ҳамин далел, бисёре аз муштариҳо талош мекунанд, ки аз мағозаҳои давлатӣ хардидорӣ кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: