Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ишқобод барои мошинҳои чодарпӯш маҳдудияти нав ҷорӣ шудааст

Дар Ишқобод барои мошинҳои чодарпӯш маҳдудияти нав ҷорӣ шудааст

11-08-2017, 09:47
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
 Дар Ишқобод барои мошинҳои чодарпӯш маҳдудияти нав ҷорӣ шудааст
Кормандони Идораи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Туркманистон дар шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар мошинҳои чодарпӯшро боз дошта, ронандагонро аз ҷорӣ шудани қоидаи нав огаҳ менамоянд.
"Агар аз вазорати нақлиёти Туркманистон иҷозат бигиред, метавонед мошинҳои чодарпӯшро биронед. Агар не, пас мамнуъ аст", - гуфт як сокини пойтахти Туркманистон бо номи Меретдурдӣ .

Вай мегӯяд, баъди он ки кормандони идораи мазкур ӯро барои рондани чунин мошинаш ҷарима карданд, ба вазорати нақлиёти Туркманистон муроҷиат карда, хост, иҷозатнома бигирад, вале комёб нашуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар вазорат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир ин гуна иҷозатнома дода намешавад. Аммо баъди муроҷиат ба воситаи дӯстонаш хабар додаанд, ки ин иҷозатнома 1 ҳазору 500 манат (беш аз 400 доллар) арзиш дорад.

Меретдурдӣ мегӯяд, нозирони роҳ ҳангоми ҷарима дар санад на идораи нақлиёти чодарпӯши бидуни иҷозат, балки қоидавайронкунии дигарро қайд мекунанд.

"Нархи ин ҷарима бори аввал 100 манат ва бори дувум 200 манат аст. Агар бори севум шавад, шаҳодатномаи ронандагиро гирифта, мегӯянд, имтиҳони ронандагиро аз нав бисупор", - афзуд ӯ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: