Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наврӯзи ҳизбиён

Наврӯзи ҳизбиён

19-03-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯзи ҳизбиён
Рӯзи меҳнати зарбдор

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон» бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯз ва дар доираи барномаи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» шанбегӣ доир гардид.
Дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, барои ба тартиб оварданибоғу гулгаштҳои атрофи ин муассисаи олии таълимӣ саҳми худро гузоштанд.
Дар ин рӯз,ҷӯю кӯчаҳои шаҳр низ аз партовҳо тоза карда шуд.
Наврасон ва бозиҳои миллӣ
Дар чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзва 750 – солагии шоир ва мутафаккир Камоли Хуҷандӣ озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 30-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Зимни баргузории ин чорабиниҳо зикр шуд, ки яке аз суннатҳои зебои ҷашни Наврӯз бозиҳои миллӣ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва ҷалби доираи хеле васеи кӯдакону наврасон шавқовару хотирмон сурат мегирад. Мақсад аз гузаронидани онҳо эҳёи бозиҳои миллии ниёгон, афзудани меҳри хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ба ин васила, дар байни мактабиён тарғиби ботантана ҷашн гирифтани иди Наврӯз мебошад.
Дар доираи ин барнома,хонандагони боистеъдод дар намудҳои бозии миллии лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.
Дар қисмати дигари ҷашн хонандагон аз ашъори Камоли Хуҷандӣ намунаҳо хонданд.
Ғолибони бахшҳо дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои наврӯзии роҳбарияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни «Маликаи Наврӯз»
Наврӯзи ҳизбиён
Бо мақсади касбомӯзӣ ва ҷалби хонандагон ба ҳунармандӣ, дастгирии истеъдодҳои наврас ва баланд бардоштани малакаю маҳорат дар чорчӯби ҷашни Наврӯз озмуни «Маликаи Наврӯз» баргузор шуд.
Тавре Нилуфар Носирова - корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ хабар дод, дар ин озмун, ки дар толори Хонаи фарҳанги ноҳия доир гардид, иштирокчиён аз рӯи панҷ шарт озмуда шуданд.
Ҳусну ороиши мӯй, хониши шеър, истеъдоди ҳунару забондонӣ, рақс ва ширкат дарбазми гул аз бахшҳои ин озмун буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати доварондар баробари баҳогузорӣ ба маҳорату дониш, рақс, хониши шеър, инчунин, ба сарулибоси иштирокчиёни озмун низ баҳо доданд.
Дар поёни ҷамъомад, ба ғолибони озмун аз тарафи маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Чуноне эълон шуд, ғолибон барои иштирок ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Наврӯз бо шаҳомати хос
Наврӯзи ҳизбиён
Дар маҳаллаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳҷашни Наврӯз бо шаҳомати хос ва ба намоиш гузоштанинамунаҳое аз ҳунарҳои миллӣ, хӯрокҳои маҳалӣ ва бозиҳои халқӣ таҷлил гардид.
Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ин чорабинии идона ширкат варзида, мардумро ба ин муносибат табрик гуфта, ёдовар шуд:
- Маҳз бо кӯшишу иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни миллии мо – Наврӯз мақоми ҷаҳониро касб кард ва бори дигар собит намуд, ки тоҷикон куҳантарин миллати соҳибтамаддун ҳастанд.
Барномаи рангини консертӣ ва иҷрои бозиҳои миллӣ, ба монанди гуштӣ, ресмонкашӣ ва гурзбардорӣ ба ин ҷашн шукӯҳу шаҳомати бештар ато карданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯзи Тоҷикистон ҳар сол аз Мастчоҳ оғоз мешавад. Мардуми Палдорак аз қадим Наврӯзро 8 март истиқболу таҷлил мекунанд.
Раҳмонобод яке аз маҳаллаҳои навбунёди Ҷамоати деҳоти Оббурдон мебошад, ки дар он қариб 300 оила зиндагӣ мекунанд. Маҳаллаи мазкур дар гузашта Ферегат ном дошт ва маҳз бо дархосту пешниҳоди сокинон соли 2019 расман номи Раҳмонободро гирифт. Сокинони Раҳмонобод мегӯянд, ки иваз кардани номи маҳалла рамзи сипосу қадрдонӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, дар доираи баргузории сазовори Наврӯз , чанде пеш кормандони дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо нишони ҳамраъйӣ ба ташаббуси аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ва тезонидани корҳои сохтмонии бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳашари умумӣ доир карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: