Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

14-03-2017, 12:33
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОНБо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 12-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Сайфулло Раҳматов - муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврӯз мебошад.
Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.
Дар ҳама бахшҳо ғолибон бо тӯҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: