Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наврӯз муаррифгари урфу одатҳои мо ба ҷаҳониён аст

Наврӯз муаррифгари урфу одатҳои мо ба ҷаҳониён аст

12-03-2020, 09:51
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз муаррифгари урфу одатҳои мо ба ҷаҳониён астНаврӯз оғози фасли арӯси сол - баҳори нозанин, айёми ҷавонию зебоии табиат, ҷашни зебоӣ ва паҳлавонӣ, ҷашни нишоту сурур, ҷашни умеду орзу, ҷашни кишту кор аст. Агарчи дар Эрони бостон ва саросари ќаламрави империяҳои бузург дар ќаламрави Мисру Юнон, Туркия ва Курдистон, Ҳинду Чин сарфи назар аз дину мазҳаб Наврӯзро чун ҷашни зебоӣ, баҳор, оғози солу кишту кор дӯст медоштанд ва пазироӣ мекарданд, вале дигаргуниҳои бузурге, ки тӯли даҳсолаҳои ахир дар рӯзгори мардуми форсизабон- Тоҷикистону Эрону Афғонистон рух доданд, шукӯҳу шаҳомату зебоии Наврӯзро амалан дар чашми тамоми ҷаҳониён бештар ҷилва дод. Ва дар самти ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наќши бориз гузоштаанд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудани 21 март ќатънома ќабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва ќавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.
Нахуст ифтихор аз он дорем, ки анъанаҳои неки фарҳангии мо дастраси ҷаҳониён гардид. Сипас, ҷашнҳои фаромиллии Наврӯзӣ барои ба ҳам наздикшавӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад. Наврӯз тантанаи нур, табли осоишу сурур, рамзи зиндагист алайҳи зулмот, ҷанг ва марг. Вале ногуфта намонад, ки ихтилофоти зиёде бар зиди ҷаҳонишавии Наврӯз ҷой дошт. Аммо Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дороиҳои кишвари мост, имконият фароҳам овард, то арзишҳои бузурги фарҳангӣ пос дошта шудаву ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд.
Сарвари давлат дар сиёсати фарҳангии худ Наврӯзро ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо ва эҳёи анъанаҳои зебоипарастиву инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо, рамзи дӯст доштан ва расидан ба ќадри зиндагии хушу хуррамона таҷассум намудаанд. Дастурҳои хирадмандонаву талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар самти эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигоҳдорӣ ва муќаддас шумурдани арзишҳои волои аҷдодӣ такони ҷиддие дар ҷодаи фарру шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостон бахшид. Маҳз бо пешниҳоди Сарвари муаззами давлат ҷашн гирифтани Наврӯз дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда шуд, ки яке аз иќдомоти арзишманди Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Пас аз ин иќдоми Савари давлатамон Наврӯзро ќариб дар тамоми кишварҳо ҷашн мегиранд. Ба ҷуз Осиёи Марказӣ ва Ќафќоз, дар Туркия ва Ироќ низ, умдатан курдҳо Наврӯзро ҷашни бузурги худ медонанд ва онро гиромӣ медоранд. Ҳамакнун, бузургдошти Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи давлатӣ сурат мегирад ва дар айёми Наврӯз таътил низ эълон гардидааст. Ҳамасола дастикам беш аз 100 миллион нафар дар ҷаҳон дар оғози баҳор Наврӯзро ҷашн мегиранд ва маросими марбут ба онро баргузор мекунанд. Дар солҳои охир баргузории Наврӯз ҷанбаи ҷаҳонитаре ба худ гирифта ва бархе аз шаҳрҳои аврупоӣ низ онро ба расмият шинохтаанд, аммо ҷолибтарини онҳо, суфраи ҳафт син дар Кохи Сафед ва паёми Наврӯзии раиси ҷумҳури Амрикост.
Раҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд солест, ки Наврӯзро ба таври расмӣ шодбош мегӯяд ва аз баргузории он дар Амрико, ки ба гуногунии фарҳангии ин кишвар кумак мекунад, ифтихор дорад.
Ва дар интиҳо, месазад ба Раҳбари давлатамон арзи сипос гуфт, чун урфу одатҳо ва фарҳанги бостониро зинда доштаву онро ба тамоми ҷаҳониён ошно гардонид. Наврӯзи накупаю сафобахш муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Сулаймонзода Бахтиёр Сафаралӣ,
муаллими калони кафедраи ҳарбии
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: