Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд

Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд

12-03-2020, 09:20
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунандДар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба вируси хатарноки коронаро омода мекунанд.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ дар ин бора рӯзи 10-уми март дар нишасте бо иштироки намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе хабар доданд.
Вале таҳдиди ба суръат паҳн шудани вируси хатарноки корона дар ҷаҳон, мақомоти бозорҳои кишварро водор кардааст, ки ин маконҳои серодамро яке пайи ҳам "дезинфексия" кунанд. Масъулони бозор мегӯянд, ҳамакнун онҳо на моҳе як дафъа, балки ҳар рӯз баъд аз анҷоми кор бозорҳоро бо маҳлулҳои махсус покиза менамоянд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо беш якуним ҳазор нафаре, ки аз Чин ва кишварҳои дигар омада буданд, зери назорати пизишкон қарор гирифтанд.
Масуълони бозори "Сафариён"-и Душанбе, ки рӯзи 10-уми март дарашро ба рӯйи тоҷирону харидорон баста буд, мегӯянд, дастур гирифтаанд, ба тозагии бозор ва нуқтаҳои савдо таваҷҷуҳи хос диҳанд.
Соҳибкорон мегӯянд, аз хатар ва таҳдидҳои коронавирус махсусан дар маконҳои серодам ва осебпазир огаҳӣ доранд.
Мақомоти идораи беҳдоштӣ мегӯянд, дар аксари идораву муассисаҳои Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, дар боғчаву мактаб ва баъзе аз дигар идораҳои кишвар ҳам барои эҳтиёт ва пешгирӣ аз ин роҳ истифода мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус торафт шадидтар мешавад.
Ҳамчунин мақомоти тоҷик барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола ва хондани намоз дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро муваққатан қатъ карданд.
Коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон тақрибан 4000 нафар ҷон бохта, беш аз 110 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: