Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲИСОР: Нозирони байналмилалӣ аз ҷараёни интихобот қаноатманд буданд

ҲИСОР: Нозирони байналмилалӣ аз ҷараёни интихобот қаноатманд буданд

3-03-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
ҲИСОР: Нозирони байналмилалӣ аз ҷараёни интихобот қаноатманд буданд
Ҷараёни интихоботро дар қитъаи овоздиҳии №53-и шаҳри Ҳисор нозирони байналмилалӣ аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка назорат карданд
Ин қитъаи овоздиҳӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45, деҳаи Алмосии ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор воқеъ гардидааст, интихобкунадагон аз рустоҳои Гули Сурх, Алмосӣ, Зиракӣ, Гӯриён ва Шамал ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи онҳо ба 2114 нафар мерасад, ки аз ин миқдор 310 нафар ҷавонон бори нахуст овоз медиҳанд. Сардори ин қитъаи овоздиҳӣ Ҷамшед Ҳаитов зимни суҳбат иттилоъ дод, ки то соати 14:00 наздики 70 дар сади интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо амри дил иштирок карданд.
«Интихобкунандагон аз соати 6-субҳ инҷониб баробари оғози маъракаи интихобот ба паси қуттиҳои овоздиҳӣ омада, ба вакилони арзанда овоз доданд»,- афзуд номбурда.
Ҷамшед Ҳаитов дар идома зикр намуд, ки «маҳз дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо интихобкунандагон то ҳол ягон ҳолати нақзи қонуни интихобот ба қайд гирифта нашудаст. Ҷараёни интихоботро дар баробари нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ аз Амрико мушоҳида карданд. Фикр мекунам, ки онҳо аз рафти интихобот бардошти хуб гирифтанд».
Дар ҳақиқат, дар ин қитъаи овоздиҳӣ, ки ба талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ аст, масъулин барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ хеле хуб омодагӣ дидаанд. Мувофиқи рӯихат даъватномаҳо ба интихобкунандагон саривақт расонида шуд. Интихобкунандагони қитъаи овоздиҳии мазкур дар баробари интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамзамон вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор ва ҷамоати деҳоти Алмосиро низ интихоб карда, мавқеи шаҳрвандии хешро нисбат ба аҳзоби сиёсӣ муайян карданд.
Ҳавои гарму офтобии оғози фасли баҳор ба рӯҳияи интихобкунандагон албатта, бетаъсир набуд ва эҳсос мешуд, ки фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон ба дили мардум гармии бештаре мебахшад. Бовар дорем, ки интихобкунандагон дар ин рӯз вакилони арзандаи худро ба мақомоти олии қонунбарор ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб карда, барои ояндаи босуботу неки Тоҷикистон овоз доданд. Раванди интихобот бозгӯи он аст, ки мардум нисбат ба ояндаи мамлакат бетараф набуда, ҳамагон пешрафту ободии Ватанро мехоҳанд. Бигузор, фазои меҳани азизамон ҳамеша мусаффо бошаду хуршеди оламоро ба зиндагии мардум гармию рӯшноии бештар бахшад.
А.ҶӮРАЕВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: