Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихобот: Чаро он бояд доғ бошад?

Интихобот: Чаро он бояд доғ бошад?

2-03-2020, 17:55
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Интихобот: Чаро он бояд доғ бошад?
ГАРДАНРО БА СӮЙИ ОБ ҲАМ ХАМ КУНЕД
Марде дар назди ҳавзи хонааш як буттаи офтобпараст (семичка) мешинонад. Як рӯз як рафиқаш ба меҳмонӣ меояду мебинад, ки офтобпараст пажмурдаву баргҳояш зард, ниҳолакаш аз беобӣ қариб ба хушкшавӣ расидааст. Ба рафиқаш мегӯяд: «Айба намедонӣ, аз ҳамин ҳавз , ки як қадам аст, як сатил об гирифта бехи ҳамин ниҳол бирезӣ намешавад, беинсоф?». Мард бепарво мегӯяд:
- Не! О саҳар, ки офтоб мебарояд ин ниҳол гарданашро дароз карда сӯйи офтоб табассум карда рӯяшро ба ҳар ҷое офтоб равад гардонда метавонаду мемурад, ки сарашро хам карда аз ҳамин ҳавзи дар пешаш буда, худаш об бихӯрад.
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИЕ ДОҒ НАБУД, ЧАРО?
Интихобот ҳам гузашт. Бо оромӣ ва бе доду фарёд. Бе ягон ҳодисаи ғайричашмдошт. Ҳамон тавре ки бояд мегузашт. Дар он ҳафт ҳизби сиёсӣ ширкат варзиданд. Вале бархе аз онҳое, ки ёд аз интихоботҳои пешин доранд, бар ин назаранд, ки фазои доғи интихоботӣ мавҷуд набуд. Чаро бояд фазо доғ бошад, дар як кишвари ором, ки ба назар мерасад, аҳзоби сиёсии дигар низ ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат, ки сарварии ҳизби дигарро низ бар дӯш дорад, розиянд. Магар ин шарти интихобот аст, ки дар он ҷангу ҷанҷол ё хараҷу мараҷ бошад? Албатта не.
Муколамаҳои сиёсӣ, хилофи ҳам андеша доштан, мудаъии курсие, ки ҳизби дигаре ба он намояндаашро пешниҳод кардааст ва дигар василаҳои муборизаҳои сиёсӣ бояд бошад. Вале доду фарёду кашокаш дар ҳоле мешавад, ки қонуншиканиҳо ба вуҷуд омада бошад. Аммо тибқи маълумоти расмии КМИР чунин ҳолатҳо,ҳамчуноне ки баъзе "фолбинҳо" мунтазир буданд, дар ин интихобот ба чашм нарасидаанд. Нозирон ҳам аз чунин ҳолатҳо ҳанӯз садо баланд накардаанд. Фазоро ба қавли онҳое, ки мунтазири рӯйдодҳои овозадор буданд, кӣ бояд доғ мекард? Ҳизбҳо.
Ҳамон қуваҳои сиёсие, ки бояд дар муборизаҳои сиёсӣ ба ҳамдигар рақобат карда , ба Парлумон ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ кушиши бештар ворид кардани намояндагони худро доштанд.
Чаро онҳо натавонистанд ба фикри баъзе "коршиносон" рақобате, ки дар ҳақиқат натиҷааш номаълум набошадро, ба вуҷуд биёранд? Яъне бархе ба ин назаранд, ки натиҷаҳоро метавон пешгӯӣ кард. Зеро дар рақобат бояд ду номзад ва ё ҳама номзадҳо ончунон ба ҳамдигар дар ҳавзаҳо рақиби сазовор бошанд, ки интихобкунанда пешакӣ надонад, ки кадоме аз инҳо баранда мешавад. Ҳар ду ё ҳар ҳафт номзад ( азҳама аҳзоб) воқеан якхела бақувват бошанд. Ё номдор ва писандидаи мардум бошанд.
Пеш аз саршавии маъракаи интихобот навишта будам, ки баъзе ҳизбсозону ҳизббозони имрӯзӣ ба қавли коршиносони масоили сиёсӣ он қадар заифанд , ки на лидери бақувват ва на мавқеи мустаҳками идеологӣ доранд. Ва рақобатпазир дар майдони сиёсӣ нестанд.
Онҳо дар рақобат ба ҲХДТ, ки акунун мавқеи хеле волои сиёсӣ дорад, яқинан ҳариф будан, наметавонанд. Ман боз ҳам бар ҳамин андешаам. Зеро на дар давраи тарғиботӣ на аз рӯйи мусоҳибаҳои раисони ин аҳзоби даъвои курсии парлумонидошта, ҷиддияти томро, ки мавқеъ ва мақсади як гурӯҳи сиёсии муайяне доро бошад, надидам. Албатта баъзе аҳзоб аз қабили ҲДТ то андозае дар тарғиботи хеш ва чи дар мусоҳибаҳо як ҷунибише доштанд. Дар ҷо- ҷое аз суҳбат ё номи раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ҳам то ҷое шунида мешуд, ки бештар масъалагузориҳояшон характери истеҳсолӣ доштанд, на сиёсӣ.
Аммо ба ҷуз Раиси ҳизб, дигар номзадҳояшон барои мардум обрӯе, ки метавон ба он эътимод кардро надоштанд. Боз такрор мекунам, ки бо як гул баҳор намешавад ва агар чун ҳамон офтобпараст ба само қад афрозӣҳам одамоне ёфт мешаванд, бигӯянд, ки: " Чаро гарданатро дароз карда худат об намехурӣ?" Ва ҳақ баҷонибанд, зеро то ин дам тӯли 5 сол боре мардум кори назаррасе аз ин аҳзобро ба ёд оварда наметавонад. Яъне гап сари талош меравад, ки ба назар мерасад, ки аҳзоби сиёсии мо, ки дар панҷ сол танҳо як бор садо баланд мекунанд, ки: "мо ҳастем" ва ин ҳам дар интихобот. Бояд ин ҳолатеро, ки доранд, дар оянда тағйир бидиҳанд. Зеро ин амали беамалии онҳост, ки бадномии демократияи мост. Ва худи онҳоро унвони " ҳизбҳои кисагӣ" додааст.
Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки онҳо дастнигаранду дар парлумон чанд ҷое, ки давлат худаш ба онҳо бидиҳад, аз ин бештар коре, карда наметавонанд. Пас, агар ин андешаро бипазирем онҳоро ҳизби фаъол номидан мумкин нест. Зеро батакрор мегӯям, ки мақсад аз таъсиси ҳизби сиёсӣ ин ба сари қудрат омадан аст. Яъне мубориза бурдану ғолиб шудан. Идеологияи бақуввате доштан, ки мардумро аз пайи худ бибарӣ. Агар не, пас дар як ҷо бекор нишастану баъдан нолидан, ки ба мо ҷой надоданд, ё мо имконият надоштем, магар роҳи мубориза аст?
Бо ҳама эҳтироми шахсиям ба раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоир, ки ҳуқуқдони машҳур аст, наметавонам қабул кунам, ки бо эътирофи худаш ӯ имконияти молӣ барои ширкат дар интихобот надораду боз ҳам умед бандад ба раъйи мардум? Яъне, агар ин ҳизб дар интихобот овоз нагирад, магар метавон гуфт, ки ҲХДТ айбдор аст, ки имконияти молиявӣ дорад? Ё Ҳукумат гунаҳгор аст, ки ин ҳизб бе молиёт мондааст?
Суоли матраҳ ин аст, ки агар одамон ба ғалабаи ҳизбе бовар надошта бошанд, магар ба он аъзо мешаванд? Не. Агар нашаванд ва ҳақи узвият надиҳанд, ё дигар роҳҳои дастгирии ашхоси беғаразро дарнаёбанд, магар метавон маблағ пайдо кард? Боз ҳам не.
Пас, агар ҲХДТ 500 ҳазор аъзо дорад ва теъдоди интеллектуалҳо дар сафҳои он рӯз аз рӯз меафзояд бояд ғолиб бошад. Магар не?
ҲАҚИ ИНТИХОБ ВА МО Интихобот: Чаро он бояд доғ бошад?
Одамон чи аз рӯйи ҳуқуқҳои фитрӣ ва чи мутобиқи қонунгузорӣҳуқуқҳои шаҳрвандиву сиёсиашон ҳамеша ҳақи интихоб доранд. Дар паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ин ҳуқуқ дида мешавад.Масалан ҳақи интихоби макони зист (шаҳр ё деҳа) манзили зист (квартира ё ҳавлӣ) хӯрок хӯрдан ё нахурдан (ош шӯрбо) таҳсилот ( мактаб, литсей, шахсӣ ё давлатӣ) ҳамсар ( зан гирифтан ё нагирифтан, шавҳар кардан ё не), аъзои кадом ҳизб ё ҳаракат будан ё набудан,кор кардан ё танбалӣ пеш гирифтан ва ғайраро метавон ном бурд, ки инсон худаш метавонад яке аз онҳоро бо майли худаш интихоб кунад. Аммо суол ин аст, ки оё мо аз ин ҳақи худ истифода мекунем ё не. Метавонем ин ҳуқуқамонро истифода бибарем ё на? Мардон ё занони зиёдеро медонам, ки хешро бо ҳамсарашонҳамеша бадбахт эҳсос мекунанд, вале то охири умр дар ҳамон як оила мемонанд. Ё мардони калонсолеро ҳам мебинӣ, ки баъдан маъшуқае меёбад ё баъди 20-40 соли хонадорӣ аз оила ҷудо мешаванду тақдири хеш бо дигаре мепайвандад. Хоса зани дуввум гирифтану "дар сари пириҳо " ба қавли мардум дигар кардани зиндагии оилавии одамон, атрофиёнро ба ҳайрат меорад. Аксариҳо сабабро дар он мегӯянд, ки гӯё дар вақташ волидон онҳоро ғайри хоҳиши худашон оиладор кардаанд. Яъне ба онҳо ( чи мард, чи зан) ҳақи интихобро надодаанд. Ин аст, ки онҳо ҳамеша норизоянду рӯзе косаи сабрашон лабрез гашта, оқибат хости дили худро мекунанд.
Вале суол ин аст, ки магар онҳо барои хушбахтии хеш дар ҳамон даврониҷавонӣ мубориза бурдаанд? Не. Сархамона он чиро, ки барояшон осон муҳайё карданд, қабул доштанд. Аз ҳақи интихоб хешро маҳрум кардаанд ва то охири умр нолиданду гаштанд , вале чизеро тағйир надоданд. Шояд ҷасорат надоштанд, эҳсоси мубориз буданро соҳиб набуданд, ё барояшон ҳамин мавқеи бечоранолӣ осонтар буд?
Агар ба касе сахт нарасад ( ё бирасад ҳам) бояд гуфт, ки ҳолати аҳзоби сиёсии мухолиф ҳам ҳамин аст. Замоне онҳо ҳизб ташкил карданду гӯё ба муборизаҳои сиёсӣ пайвастанд, вале аз сабаби заъф ба мавқеъе розӣ шуданду қудрати мубориза надоштанд. Имрӯз онҳо ё бечоранолӣмекунанд , ё меноланд, ки чунин мавқеъро намехостанд, вале мусаллам аст, ки барои мубориза ва тағйири ҳолашон дигар қудрат надоранд. Аммо аз раъяшон ҳам гаштанӣ нестанд. Пас, чи бояд кард?
Чаро барои таҳкими мавқеи худ 5 сол коре карда натавонистанд? Дар боло гуфтем, ки баъзе одамон то охири умр ҳамсари дилнохоҳашонро таҳаммул мекунанд. Бархе зани дигар мегиранду дар ҳаёташон тағйирот ворид мекунанд. Қисмати дигарашон умре норозӣ ва бечоранолӣ карда, худро бо он таскин медиҳанд, ки ғайбат мекунанд. Нафароне ҳам ҳастанд, ки дурӯягиро пеш гирифта зани дуюм мегиранду хешро фиреб мекунанд, ки акнун хушбахт шуданду ба худ оромиш медиҳанд.
Яъне, агар инсон дар вақташ аз ҳуқуқи интихоби хеш истифода накунад, баъдан азобҳои зиёдеро аз сар мегузаронад. Ҳади аққал умраш норозӣ ва ё бо ғайбату пастзаниҳои тарафи дигар мегузарад.
Агар ҳамин формуларо мо дар масоили сиёсӣ дида бароем, чунин ҳолат аст. Мардуми мо, хислати аҷибе доранд. Чун замони пешбарии номзадҳо мешавад, ҳама худро қафо мекашад. Ба фикрам аксаран беҷуръатанду аз худ бовар надоранд. Яке баҳонае дорад, ки аздусар намегузарам. Дигаре баҳонае дорад, ки маблағнадорам . Сеюми баҳонаи маҳалгароӣ мекунад, ки ман аз фалон ҷояму ба ман аздусар имкониятам намедиҳанд.Чорумӣ итминон дорад, ки аз дасташ коре ҳам намеояду ба сиёсат завқе ҳам надорад.
Аммо ҳамаи ҳамин гурӯҳ одамҳо баъди интихобот меноланд. Ғайбат меунанду интихоботро ғайридемократӣ мехонанд. Зеро онҳо чун ана ҳамон нафароне, ки базӯрӣ хонадорашон кардаанду бе мубориза инро қабул кардаву баъд умре бадбахт шудаву нолида гаштаанд, ҳастанд. Бе мубориза мехоҳанд мақсуд ба даст биёранд.
Ҳамчунинҳоро чӣ , ба фикри худашон бояд даъват намуда, зорӣ карда депутат мекарданд? Хайр кӯшиш ку накарданд, ақаллан ҳаминро мардона эътироф кунанду баъд нолида нагарданд. Не, боз аз ҳама бештар ҳамин одамони танбале, ки аз дасташон коре намеояд, ҳамонҳо меноланд. Аниқтараш ғайбат мекунанд. Интихобот фалон айб дошту фалон камбудӣ. Агар дурусттар санҷида баройӣ, ҳамонҳое, ки ба овоздиҳӣҳам нарафтаанду аз қонуншиканиҳо дар интихобот гап мезананд.
Дар тамоми олам интихобот ҷузъи муҳимтарини муборизаҳои сиёсӣ аст. Ку дар мо ҳамон муборизони сиёсӣ? Пас, баъди интихобот фирефтаи чанд фейк дар фейсбук нагашта, нанолему ғайбат накунем. Зеро ҳатто ба мулоқотҳо нарафтаву 2- 3 саволи нобоб дода як номзади бесаводро ҳам ноҳинҷор накардаем-"ку?
Пас, сари компутер шишта ё тугмаи телефонро зер карда афсона набофем ва норизо аз он набошем, ки чаро интихобот орому беҷанҷол гузашт.
Ман ҳамчун журналист дар чанд участкаи интихоботӣ будам. Дер, соатҳои 2- 4 рафтам, то сели интихобкунандагони субҳгоҳиро не, баъдан бубинам, ки оё ҳамин мардум ба интихобот мераванд ё не? Зеро медонам, ки баъзеҳо душманона мегӯянд, ки интихобот барои касе ҷолиб набуду ба он мардум ширкат наварзид.
Чиро дидам? Мардуми оддӣ омада овоз дода мерафтанд. Воқеан бо чашми худ дидам, ки аҳзоби сиёсии мо фаъол нестанд. Дар ягон ҳавза соатҳои 2- 3- 4 ман ягон намояндаи ҳизбҳои дигарро ба ҷуз ҲХДТ надидам. Пурсидам, гуфтанд, ки касе аз онҳо ин ҷо набуд, ба ҷуз намояндаи ҲКТ дар участкаи рақами 3.
Ягон нафаре аз нозирони онҳо, агар ин институтро онҳо дошта бошанд, ҳузур надоштанд. Ҳамчуноне, ки замони тарғибот касе аз онҳо имсол бо мардум иртиботи фаъолона надошт, гуфтанд мусоҳибони ман.Имрӯз дар рӯзи интихобот ҳамҳамин гуна худро заҳмат надоданд.
Ва ман ҳам ба худ гуфтам: " О, ба сӯйи офтоб - ку ( аз пушти овозаҳо нагашта) гарданатонро дароз мекунед, намешавад ба ҳавзи об ҳам гардан дароз карда об бинӯшед,, то хушк нашавед? Агар аз ҳақи интихоб худатон хешро маҳрум кардаед, аз худ бинолед.
Ва ахиран онҳое, ки муборизаи сиёсиро аз даъвои мансаб ва курсӣ фарқ намекунанд, бояд хешро муборизи сиёсӣ нахонанд, балки мансабталаб шуморанд. Ё не?
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: