Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф кард

Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф кард

2-03-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф кард
Интихобот дар Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров изҳор дошт.

Миссия вайронкунии меъёрҳои қонунгузории миллиро, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа мебаранд, мушоҳида накард.

«Миссия интихоботи баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамояд. Миссия изҳор медорад, ки интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гоми муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон буд», — гуфт Нурлан Аккошкаров.

Давоми фаъолияташон аъзои Миссияи мушоҳидони СҲШ аз 314 участкаҳои интихоботӣ ва инчунин аз мақомоти интихоботии минтақавӣ ва ноҳиявии Тоҷикистон дидан намуданд.

Тибқи натиҷаҳои мушоҳидаҳо, аъзои Миссия иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, аз ҷумла ҷавононро мушоҳида карданд. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ барои татбиқи тартиби овоздиҳӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда буданд.

Миссия бо роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо раисон, котибҳо ва аъзои комиссияҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва участкавии интихоботӣ, интихобкунандагон, нозирони маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО як зумра вохӯриву суҳбатҳо анҷом дод.

Миссияи мушоҳидони СҲШ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 феврал то 1 март дар Тоҷикистон қарор дошт. Ин аллакай 52-юмин Миссия оид ба мушоҳидаи омодагӣ ва баргузории интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Миссияи СҲШ даъвати мушоҳидони байналмилалиро ҳамчун талоши роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини интихоботи ҳадди аксар ошкоро, шаффоф ва демократӣ арзёбӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 1 март дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: