120 нафар аз хориҷа ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд8-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Прокуратураи генералии Тоҷикистон эълон кард: «Соли 2015 дар маҷмуъ 120 шаҳрванди кишварро аз ҷабҳаҳои ҷанг дар кишварҳои хориҷӣ ба Ватан бозпас гардондаанд.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврал, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки миёни шаҳрвандони аз хориҷ баргашта, иштирокчиёни ҷангҳо, аъзои оилаи онҳо ва афроде мебошанд, ки дар роҳ ба ҷабҳаи ҷангҳои хориҷӣ қарор доштанд. Ба гуфтаи ин мақоми прокуратураи генералӣ, «Аз ҷумлаи бозгардондашудаҳо 78 нафарашон иштирокчӣ ё шахсони сафарбаршуда ба ҷангҳо буда ва 42 нафари дигар аъзои хонаводаи онҳо мебошанд.» Аз ин қабл Прокуратураи генералии ҶТ хабар дода буд, ки харҷи бозгашти шаҳрвандон аз ҷангҳои хориҷӣ аз будҷаи давлат пардохт мешавад. Эълони омори марбут ба афроди бозпас овардашуда дар ҳоле аз сӯи мақомоти Прокуратураи генералӣ баён гардид, ки чанде аз ниҳодҳои дигари давлат низ дар гузоришҳои солонаи худ дар робита ба ин мавзӯъ изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, аввали соли ҷорӣ мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни изҳори назар дар ин мавзӯъ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ»-ро қариб 1000 нафар эълон карда буд. ©Ю.Солеҳ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.