15 шаҳрванди Тоҷикистонро дар Чин ҷазоҳои сангин, ҳатто ҳукми қатл интизор аст4-02-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Чин бо иттиҳоми даст доштан ба ҷиноёти сангин боздошт шудаанд.
4-уми феврал Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Чин бо даст доштан дар ҷиноёти сангин муттаҳам мешавад, ки ҳатто бархеашонро ҷазо дар шакли ҳукми қатл интизор аст. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷ аз вазифаи аслии онҳо мебошад, ҳоло талош доранд, ки ин нафарон ба Тоҷикистон истирдод шаванд ё татбиқи ҷазояшон тибқи моддаҳое, ки ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад, иваз карда шавад. Ин дар ҳолест, ки 28-уми феврал Чин як шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфовро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба қатл расонд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон 5 сол пеш дар Урумчии Чин боздошт шуда буд. Ҳоло ҷасади Ҳасан Юсуфовро ба Тоҷикистон интиқол додаанд. ©TojNews |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.