Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зилзилаи маргбор дар Тайван

Зилзилаи маргбор дар Тайван

8-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Зилзилаи маргбор дар ТайванЗилзилаи 6,4 дараҷаӣ дар ҷануби Тайванд чандин бинои баландошёнаро хароб кардааст. Бар асари ин зилзила чанд нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Бар асари зилзилаи 6,4 дараҷаӣ дар ҷануби Тайванд ҳадди ақал чаҳор нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Як кӯдаки 10-моҳа аз ҷумлаи касоне буданд, ки пас аз фурӯ рафтани як бинои 17-ошёна дар шаҳри Тайнан ҷони худр аз даст додаанд. Зилзила дар соатҳои аввали бомдоди рӯзи шанбе рух дод, ки аксари сокинон дар хоб будаанд.

Мақомҳои расмӣ мегӯянд, ки чаҳор бинои баландошёна фурӯ рехтааст. Бинобар гузоришҳои маҳаллӣ, ҳадди ақал 8 бурҷ дар ин зилзила осеб дидаанд. Тибқи гузоришҳо аз Тайван, гурӯҳҳои кӯмакрасон дар ҳоли ҳозир талош доранд, ки сокинонро аз зери бурҷҳо фурӯрафта берун биёранд.

Илова бар кӯдаке, ки ба ҳалокат расидааст, то ба ҳол марги як мард ва як зан низ таъйид шудааст. Бинобар гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар Тайнан, 220 нафар то ба ҳол аз зери вайронаҳо зинда берун оварда шудаанд. Рӯзномаи "China Post" мегӯяд, ки ҳадди ақал 250 нафар дар ин бурҷи 17-ошёна зиндагӣ мекарданд.

Дар нуқтаҳои дигари шаҳри Тайнан низ бархе биноҳои баландошёна фурӯ рехтаанд, аммо тибқи гузоришҳо, нерӯҳои кӯмакрасон тавонистаанд дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса, осебдидагонро аз ин биноҳо берун биёваранд.

Тайван минтақаи зилзилахез аст ва заминларзаи сахт дар он, борҳо ба хароб шудани бархе шаҳрҳо ва кушта шудани садҳо нафар анҷомидааст. Дар соли 1999 дар зилзилаи 7,6 дараҷаӣ дар ин ҷазира, 2600 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар заминларзаи соли 2013 дар ин минтақа чандин тани дигар ба ҳалокат расида буданд.
©ozodi.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: