Маркази адлия кушода шуд20-10-2015, 08:38
Хабарро хонданд: 759 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи ин иди касбии кормандони адлия дар шаҳри Конибодом бинои нави маркази адлия сохта ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо таҷҳизоту шароити мусоид мавҷуд аст.
Бинои нави маркази адлия аз ҷониби Вазорати адлияи мамлакат қомат афрохта, дар он 3 ташкилоти бонуфуз: идораи САҲШ, идораи нотариуси давлатй ва иҷрочиёни суд фаъолият хоҳанд кард. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи маркази адлия Раиси шаҳр аъзои Раёсати КИ ҲХДТ Ғайбулло Боҳирӣ, муовини вазири адлия Нодирӣ Шаҳноза Анвар иштирок ва суханронӣ намуда, ифтитоҳи ин бинои хушсохту замонавиро тӯҳфаи арзанда барои кормандони соҳа дар арафаи Иди касбӣ арзёбӣ намуданд. Қаблан дар шаҳр бинои алоҳида барои кормандони САҲШ вуҷуд надошта, онҳо дар бинои иҷора фаъолият доштанд. Дар рӯзи кушодашавии бинои нав 1 ҷуфт навхонадорон дар вазъияти тантанавӣ аз ақди никоҳ гузаронида шуда, хамчунин ба 4 нафар навзодон шаходатномахои таваллуд такдим гардид. Бунёд ёфтани бинои нави Маркази адлия баҳри боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти кормандони соҳа мусоидат карда, ҳамчунин барои аз байн бурдани баъзе мушкилоти сокинону корафтодагон кӯмак менамояд. ©Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.