Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад?

Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад?

19-02-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 645 нафар
Назарҳо: 0
Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад?  То баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ монда, корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Инак муҳимтарин масъалаҳо дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии маъракаи интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, њамзамон маҷмӯаи саволу ҷавобҳо доир ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст, манзури хонандагон гардонида мешавад.
Савол: Интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷавоб: Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад.
Савол: Иштирок дар интихобот чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷавоб: Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.
Савол: Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад ва кӣ чунин ҳуқуқ надорад?
Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк, ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Савол: Оё ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин аст, масалан метавон ба ҷои шавҳар, фарзанд ва дигар аҳли хонавода овоз дод?
Ҷавоб: Не, ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як интихобкунанда бояд шахсан худаш овоз диҳад.
Савол: Дар ҳолати бемор будан ва дар интихобот иштирок карда натавонистани интихобкунандагон чӣ тадбир андешида мешавад?
Ҷавоб: Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.
Савол: Вақти иштирок дар интихобот чӣ қадар муайян гардидааст?
Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 гузаронида мешавад.
Савол: Натиҷаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон чӣ гуна муайян карда мешавад?
Ҷавоб: Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳудуди худ муқаррар намуда, онро фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод мегардонад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷaи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Савол: Масъалаи ташкилу баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз интихоботи Маҷлиси Олиро кадом ниҳод ба уҳда дорад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд.
Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Савол: Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон чанд ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад?
Ҷавоб: Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи мақоми салоҳиятдор 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ таъсис дода мешавад.
Инчунин барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешава

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: