Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СММ: ба «Давлати исломӣ» 34 гурӯҳ изҳори садоқат намуданд

СММ: ба «Давлати исломӣ» 34 гурӯҳ изҳори садоқат намуданд

8-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
СММ: ба «Давлати исломӣ» 34 гурӯҳ изҳори садоқат намудандИн рақамро Котиби генералии СММ Пан Ги Мун овардааст, иттилоъ медиҳад The Associated Press. Сухан нисбати гурӯҳҳои террористие меравад, ки дар Нигерия, Либия, Покистон ва Филиппин пойгоҳ доранд. Гуфта шуд, ки сафи гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ба ДИИШ «байъат» хоҳанд кард, соли 2016 хоҳад афзуд. Пан Ги Мун ҳушдор дод, ки соли ҷорӣ шумораи ҳуҷумҳо ба туристон зиёд хоҳад шуд.

Котиби генералии СММ ҳамчунин қайд кард, ки ДИИШ айни замон аз сарватмандтарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон маҳсуб ёфта, танҳо тиҷорати ғайриқонунии нафт соли 2015 400-500 миллион доллари ИМА ба ҷангиён фоидаи соф додааст. Ҳамагӣ дар ҳисобҳои бонкии ин гурӯҳи террористӣ аз миллиард доллар зиёд маблағ буда, боз наздик ба миллиард доллар аз мошинҳои боркаше, ки ҳудуди таҳти назорати ДИИШ-бударо убур мекунанд, ба сифати андоз ситонида мешавад.

Гурӯҳи ДИИШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эълон шуда, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: