Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд18-02-2020, 10:26
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мегарданд. Ин матлаб зимни мулоқоти ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баён гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот пешниҳод гардид, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Франсия ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд. Хонум Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намуд, ки аз ҷониби бонувони Франсия либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик Ясмин Гуедар тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯи мӯди либос барои омӯзгорон ва донишҷӯён тренинг ташкил намояд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Франсия, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима гардид. Сафири Франсия аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд. Сипас аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкадаи мазкур якчанд китобҳои дизайнерӣ ва таълимӣ туҳфа гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.