Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

12-11-2019, 13:57
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон
Шоми 11 ноябри соли 2019 дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба сулҳ суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид.

Зимни суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷумҳурии Франсия, инчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист. Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Франсия ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: