DataLife Engine > Точикистон, Чорабинихои ХХДТ > Навиди интихобот

Навиди интихобот


13-02-2020, 11:00. Разместил: orifi Навиди интихобот
Шаҳрамонро обод мекунем! // сурат
Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт бо иштироки доираи васеи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт баҳри тақвияти корҳои созандагию ободкорӣ бахшида ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода шанбегии дастаҷамъона доир намуданд.
Фаъолону кормандони ҳизбӣ, дар он рӯз кӯчаву гулгаштҳо ва назди биноҳои маъмуриву маиширо тоза ва атрофи қисме аз дарахтони сояафкану ороиширо нарм карданд.
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мақсад дорад, дар оянда низ баҳри вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон кӯшиш ба харҷ дода, дар шукуфоии маркази диёрамон саҳм мегузорад.
Интихоби дуруст мароми мост
Аъзои Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандбо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣрафта, ба ҷараёни омодагиҳову таблиғоти номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ кумак мерасонанд.
Чанде пеш узви ситоди пешазинтихоботии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Эҳсон Исоев, ки вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бар дӯш дорад, аз фаъолияти ҳавзаи интихоботии №9 дидан намуда, дар ҳамкорӣ бо номзадҳо ҳуҷҷатгузориҳоро ба расмият дароварданд.
Зимни шиносоӣ, ба шахсони бовариноки вакилон дастур дода шуд, ки вақти таҳияи матни баромадҳо бештар ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ такява варақаҳои таблиғотиро дар ҷойҳои лозима насб намоянд. Бо мардум бештар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дигаргуниҳои шаҳр, ки бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ шудааст, суҳбатҳо гузаронанд.
Дар остонаи маъракаи сиёсӣ
Дар доираи омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оливу маҷлисҳои маҳаллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Хуҷанд, аз қабили бозори марказии шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ, наздикии мағозаҳои «Авесто» ва «Анис» миёни мардум пурсишнома гузаронида шуд,ки дар он саволҳое доир ба моҳияти интихобот, мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ, ба кадом ҳизби сиёсӣ эътимод доштан, хостаҳояшон аз номзадҳои ба вакилӣпешниҳодшуда,ҷой дошт.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, агарчӣ аксар баргузории рӯзи интихоботро медонистанд, аммо на ҳар нафари пурсидашуда аз мавҷудияти ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанада огаҳӣ дорад.
Зимни назарпурсӣ аён гардид, ки бештари интихобкунандагон мехоҳанд бо воситаи номзадҳо арзу ниёзи худро бароварда созанд.
Дастрасӣ ба қитъаи замин, мумфаршу чароғонкунии маҳаллаҳо ва такмили санадҳои вобаста ба таъмини иҷтимоӣ, азхостаҳои аслии мардум мебошад.
Тадбири мазкур барои баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, огоҳии онҳо бо фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва рисолати вакилон василаи хубе буд.
Таблиғи номзадҳо
Дар маҷлисгоҳи МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд, ки Комиссияиҳавзавии Раззоқ №1 ва ҳамзамон, участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх 5,оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳр, маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд воқеъ аст, вохӯрӣ баргузор гардид.Навиди интихобот
Наим Маликисломӣ, раиси КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар оғози нишаст, аз ҷумла зикр кард,ки интихоботи 1 марти соли 2020 шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
ӯ дар идома гуфт, ки мақсад азҷамъомад муаррифии номзадон ба маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд,номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҷурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ буда, дар вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ-Анвар Ҳоҷиев, номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова ва номзадон ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров, Зебо Аминова бо барномаҳои пешазинтихоботии худ ҳузур доранд.
Сипас, Гулбаҳор Назирӣ- номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13, Анвар Ҳоҷиев, шахси боэътимоди номзад ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ ва номзадҳои дигар ба сухан баромада, барномаҳои пешазинтихобтиашонро муаррифӣ карданд. Номзадҳо вақти суханронӣ аз интихобкунандагон даъват намуданд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба ин васила, аз сиёсати созандаи ҳизбу давлат ҷонибдорӣ намоянд.
Бар асоси ҷадвали таҳияшуда, баргузории чунин мулоқот ва вохӯрӣ бо номзадҳо дар участкаҳои интихоботӣ то 28феврал ба нақша гирифта шудааст.
Истаравшан
Интихобот ва ҷавонон
Дар ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, ки наздики 1000 нафар донишҷӯ он бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣҷиҳати баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дирӯз бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ин муассисаи таълимӣ, Илҳом Раҷабов ва омӯзгорони коллеҷ клуби сиёсии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон ва интихобот” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад омӯзгорони коллеҷ Суннатулло Мустафоев ва Акрам Табуров дар мавзӯи «Интихобот – маъракаи муҳими сиёсӣ» ва «Номзадҳои сазовори ҲХДТ» маърӯза карданд.
Сипас, донишҷӯёни коллеҷ Абдуғаффорова Мадина ва Аҳмадова Ҳуснигор ба сухан баромада, изҳор намуданд, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. Байни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб оид ба баргузории интихобот ва қонунҳои амалкунандаи он барпо гардид, ки дар он толибилмон фаъолона ширкат варзиданд.
Донишҷӯёни коллеҷ ба воситаи саҳнаи «Барои ободонии Тоҷикистон овоз медиҳем!» нишон доданд, ки ҳар як шаҳрванд дар овоздиҳӣ бояд худаш иштирок намояд.
Амали хайри номзади ҳизб Навиди интихобот
Чанде пеш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ормони дилҳо» расмҳои Охунҷонзода Кабирҷони дусола аз шаҳраки Шӯроб барои гирифтани маслиҳатҳои муфид нашр шуда буд. ТҶ «Ормони дилҳо» шарҳ дода буд, ки Кабирҷон бинобар заиф будани пойҳояш роҳгашта наметавонад.
Номзади арзандаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Чоркӯҳ № 10, соҳибкор Савриддин Раҷабов пас аз нашри ин хабар баҳри табобат ва беҳбудӣ бахшидан ба саломатии ин кӯдаки бемор изҳори омодагӣ карда, азшаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон 2 духтури ботаҷрибаро даъват карда овард. Духтурҳои тошкандӣ баробари ба Исфара омадан,беморро муоина карда, барои табобаташ тавсияҳо доданд.
Ба гуфтаи ин табибон,ки таҷрибаи чандсолаи кор дар соҳаро доштаанд, бо таъйин кардани тарзу воситаи муолиҷа изҳор карданд, ки дар сурати риояи режими фармудаашон кӯдак пас аз 45 рӯз пурра табобат шуда, роҳ мегардад.
Марди саховатманд Савриддин Раҷабов қавл дод, ки рафти муолиҷаро таҳти назорати худ мегирад ва тамоми маводу доруҳои дармониро харидорӣ карда, дар ихтиёри парасторон мегузорад.
Интихобот – рӯйдоди сарнавиштсоз
Дар ноҳияи Ёвон таҳти ин ном вохӯриҳои намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо интихобкунандагон дар ноҳия оғоз ёфт. То имрӯз чунин вохӯриву мулоқот,дар ташкилоти ибтидоии «Парчасой»-и деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон доир гардида, дар он атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳамовозӣ бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат шуд. Навиди интихобот
Дарчорчӯби ҷадвали омодагиҳо ба интихобот, чунин як вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Гармоба»-и деҳаи Сариқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова низ доир гардида, дар он нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ шуд.
С.ЮСУФ

Вернуться назад