Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЛАҒВИ ЧАНД МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ЧИН

ЛАҒВИ ЧАНД МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ЧИН

29-01-2020, 16:33
Хабарро хонданд: 505 нафар
Назарҳо: 1
ЛАҒВИ ЧАНД МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ЧИН
9-умин Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки мебоист моҳи оянда дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешуд, бо сабаби авҷ гирифтани бемории коронавирус, барҳам дода шуд.
Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ (World Athletics) низ баъд аз тасмими Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё доир ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки бояд моҳи март дар Нанҷинг сурат гирад, қарор қабул кард. Гуфта мешавад, Варзиши сабуки ҷаҳонӣ бо Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳамкории зич қарор дорад ва аз тавсияи ин ташкилот ҷонибҳои дахлдор огоҳ карда хоҳанд шуд.
Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё пас аз қарори комиссияи тиббӣ ва чанд давлати узви ассотсиатсия тасмим гирифт, ки чемпионатро барҳам диҳад. Мусобиқа, ки бояд 12-13 феврал доир мегашт, маълум нест, ки ба дигар ҷой гузаронида мешавад ё не.
Ин яке аз чанд ҳолат вобаста ба бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Шумораи фавтидагон аз ин вирус ба беш аз 100 ва сироятёфтагон ба беш аз 3000 нафар расидааст.
Қаблан Ассотсиатсияи байналмилалии баскетбол эълон кард, ки макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпӣ миёни бонувон аз Фошани Чин ба Белгради Сербия гузаронида шуд. Мусобиқаи интихобии олимпии футболи бонувон дар қораи Осиё дар гурӯҳи “В” низ, ки мебоист дар Ухан – маркази бемории коронавирус – баргузор мешуд, акнун дар Сиднейи Австралия доир мегардад. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ бемории коронавирус дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Австралия низ ба қайд гирифта ҳудааст.
Марафони дави Ҳонг Конг, ки бояд бо иштироки беш аз 74 000 варзишгар 9 феврал доир мегашт, барҳам дода шуд. Марафони дави Вусӣ низ, ки 22 март ба нақша гирифта шуда буд, баргузор намешавад.
Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Осиё/Уқёнус, ки бояд 3 феврал дар Ухан шурўъ мегардид, ба шаҳри Оммони Урдун гузаронида шуд, ки 3-11 март доир хоҳад гашт.
И. ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: