Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳолати садамавии кӯҳи «Кафтархона» ба фаъолияти камбинати Анзоб таҳдидовар нест?

Ҳолати садамавии кӯҳи «Кафтархона» ба фаъолияти камбинати Анзоб таҳдидовар нест?

29-01-2020, 12:39
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Ҳолати садамавии кӯҳи «Кафтархона»  ба фаъолияти камбинати Анзоб таҳдидовар нест?
Тӯли чанд сол боз кӯҳи «Кафтархона» воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҳолати лағжиш қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки дар қисматҳои поёнии кӯҳи мазкур кони металургии Анзоб, ки солиёни дароз дар он сурма ва симоб истихроҷ карда мешавад, қарор дорад.
Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфт: «Вазъи садамавии кӯҳи «Кафтархона» ба ҷони кормандони камбинати металургии Анзоб таҳдидовар нест, чун кони зикршуда дар қисматҳои поёнии кӯҳ қарор дорад, аммо гузаронидани корҳои таркишии зиёд метавонад ба рафти фаъолият монеа эҷод кунад».
Дар идомаи баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 28 январи соли равон доир гардид, зикр шуд, ки дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда дар давоми соли 2019 33 ҳодисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа, 20 нафар ҳалок ва 25 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: