Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НИГАРОНӢ АЗ РИОЯ НАГАРДИДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

НИГАРОНӢ АЗ РИОЯ НАГАРДИДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

17-07-2019, 10:10
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Дар нимсолаи якуми соли равон дар корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайдгирифташудаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳодисаи нохуш ва 2 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, 14 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Вай инчунин афзуд, ки дар Хадамот, дар давраи ҳисоботӣ ӣ 2251 корхона ва 10059 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 назоратҳои давлатӣ ва 3 назоратҳои комплексии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 150 назорати техникӣ анҷом дода шуд, ки нозирони Хадамот 522 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарон ва шахсони масъули корхонаву ташкилотҳои зериназоратӣ 133 нишондод пешниҳод гардида, аз онҳо 31 нишондод оид ба боздошти кор мебошад.
Тавре зикр шуд, дар давраи щисоботӣ 121 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 233715 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар фаъолияти аксарияти корхонаҳо риоя нагардидани талаботҳои қонунгузорӣ, ба монанди надоштани иҷозатномаи истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан ва таркидан доранд, ба назар мерасад. Инчунин дар фаъолияти аксар корхонаҳои зериназоратӣ надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳии солона, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоотҳо, аз экспертизаи бехатарии саноатӣ нагузаронидани иншоотҳое, ки муҳлати истифодабариаашон гузаштааст ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон ошкор карда шудааст.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: