DataLife Engine > Точикистон, Иктисодиёт > 27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд

27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд


24-01-2020, 13:44. Разместил: orifi 27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд
Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар толори ин вазорат доир менамояд.

Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидан мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар»- www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.


Вернуться назад