Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд

20-01-2020, 17:30
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намудКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳоеро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, тасдиқ намуд.

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсии зерин пешниҳодшуда тасдиқ карда шуд.

Нусхаи рӯйхати тасдиқкардашуда ба ҳизбҳои сиёсӣ ирсол карда шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои номзадҳоро мувофиқи рӯйхатҳои тасдиқгардида тибқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои бақайдгирӣ пешниҳод менамоянд.

Тибқи рӯйхати тасдиқкардашуда 70 нафар, аз ҷумла аз ҲХДТ — 28, ҲАТ — 13, ҲДТ — 4, ҲИИТ — 7, ҲКТ — 6, ҲСТ — 8 ва ҲСДТ – 8 нафари пешниҳодшуда тасдиқ карда шуд.

Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода, Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова, Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода, Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ, Фариза Абдуллозода ҲХДТ-ро намояндагӣ мекунанд.

Рустам Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов, Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё ҳамчун номзад аз ҲАТ, Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева аз ҲДТ, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов аз ҲИИТ, Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов, Азизҷон Раҳмонов аз ҲКТ, Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова, Уғул Қобилова аз ҲСТ, Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова, Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов аз ҲСДТ дар рӯйхати тасдиқшуда ҷой гирифтаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: